Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Амад аз соҳил канда шуда, оҳиста–оҳиста шино карда рафт. Онро аз ду тарафаш чор касӣ ҳашт кас, ходаҳои дарозро ба ҷойи бел ба об зада, меронданд. Амад уреб рафта ба соҳили чап расид, сарбозон ва аспон аз вай баромаданд. Ба ин гузариши аввал бештар аз ним соат вақт сарф шуд. Амад боз гашта ба соҳили рост шино кард.
Навбати дуюми гузариш сар шуд – боз шаш сарбоз бо шаш асп. Шӯришгарон ин гузаришро дида истода буданд, аммо аз монеъ шудан ё халале расондан ба он оҷиз буданд, зеро агар аз шинакҳои худ мебаромаданд, фавран нишони тирҳои ҷонгудози сарбозон мегардиданд. Дар ташвиш монданд, намедонистанд, чӣ кор кунанд. Аз афти кор, қушбегӣ ба ҳамин тарз лашкарашро то саҳар аз дарё гузаронданӣ буд.
Ба ногоҳ Ризо ҷомаву куртааш, мӯкиашро кашида партофта, кордчаашро ба дандон газида, оҳиста аз шинаки паси шахпора баромад.
– Боз ин чӣ нағма?–куҷо меравӣ, Ризо? – ҳайрон шуда пурсид Нозим.
– Ман... ба қушбегӣ кор дорам, – ҷиддиёна, бо як оҳанги азму ҷазм гуфт Ризо.
Вай бо ҷойҳои панаҳтари соҳил гоҳ хам шуда, гоҳ хазида, як дусад қадам ба тарафи гузаргоҳи сарбозон пеш рафт. Баъд оҳиставу бесадо ба об ғӯта зад. Нозим ва ёронаш дигар ӯро аз назар гум карданд, зеро торикӣ фуромада буд. Агар торикӣ ҳам намебуд, онҳо ӯро дида наметавонистанд – Ризои оббоз дар зери об шино карда мерафт.
Фақат гоҳ–гоҳе аз об сар бароварда нафасе мегирифт.
Амад бо сарбозон ва аспон ба миёнаи дарё омада буд, ки Ризо худро ба наздикии он расонда дар об чуқуртар ғӯта зад. Сарбозон аз вай бехабар буданд. Ногаҳон амад ба як паҳлу хам шуд... Боз хамтар шуд... Сарбозон ва аспон бесаранҷом шуданд, садоҳои тарсолуд баланд гардиданд: «Ҳой, ин чӣ гап? Амад ғарқ шуда истодааст!» Дар сонияи дигар як лаби амад дар об фурӯ рафт, сарбозон ва аспон ба дарё ғалтиданд.

пешина
аз 471
навбатӣ