Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Остонақули мағрур он шаб дигар сарбоз гузаронда натавонист.
Саҳари дигар сарбозон боз аҳолии Норакро ҳай карда оварданд. Боз амадсозӣ сар шуд.
Шӯришгарон бе тиру борут монда дар муқобили яроқи оташфишони сарбозҳо аз шинаки худ сар бароварда наметавонистанд.
Нозим камингоҳро тарк кард, ақиб рафт. Ризоро дар ҳолате, ки таби баланд бароварда буд, то Тутқавул бурданд, вай ба нимбеҳушӣ ҳазён гуфта, дар байни ҳазёнаш номи Гулъизорро ба забон меронд, дар Тутқавул ӯ ҷон дод. Ҷасади ӯро дар қабристони деҳа ба хок супурданд.
Пас аз он Нозим бо дастаи худ роҳи Кангуртро пеш гирифт.
Остонақул бо шитоб якчанд амади нав созонда, то бегоҳӣ тамоми лашкарашро аз дарё гузаронд. Сипас ӯ наистода ба роҳи Кангурт ҳаракат кард. Мехост аз Кангурт гузашта ба болои Балҷувон равад.
Дар роҳ вай аз амалдорони гурезаи кангуртӣ фаҳмид, ки Восеъ дар Кангурт аст. Ҳаракаташро тезонд. Сеяки лашкарашро таҳти фармони Холмуродтӯқсабо бо роҳи дигар рост ба тарафи Балҷувон равона кард.
– Аз Балҷувон бекро ҳамроҳ гирифта ба Кангурт юриш мекунӣ, – фармон дод ӯ ба тӯқсабо. – Аз Кӯлоб Абдураҳмон–додхоҳ мебарояд. Пагоҳ мо ба гардани Восеъ ҳалқадавак меандозем.

пешина
аз 471
навбатӣ