АХТАРОНИ АДАБ

БОБИ СИЮ ДУЮМ
Вақте ки Восеъ аз Балҷувон ба Кангурт мерафт, дар қишлоқҳои сари роҳ зиёдтар аз сесад нафар фақирон ба вай ҳамроҳ шуданд. Дар шаҳрчаи амлокдорнишини Кангурт ғайр аз пондаҳ–бист нафар навкару амлокдор дигар сарбозе набуд, Восеъ шаҳрчаро дар субҳидам бе ҷанг ишғол кард. Ин шаҳрча баъд аз Балҷувон маркази дуюми тиҷоратӣ ва косибии вилоят буд, дар вай савдогарон, дӯкондорон, косибони бисёре мезистанд.
Бойҳои Кангуртро аз бойҳои Балҷувон бадавлаттар мегуфтанд. Дар шаҳр ғоратгарӣ сар шуд. Восеъ шӯришгарони аз азобу уқубат, мондагӣ ва гуруснагӣ ба ҷон расидаро боздошта натавонист, онҳо на фақат хонаҳои боён, амалдорон, дӯконҳои савдогарон, балки аҳолии камбизоату нодорро ҳам толон кардан гирифтанд. Восеъ дид, ки лашкараш фосид шуда, аз итоат баромада истодааст, хеле ба танг омад. Тӯда–тӯда мардуми шаҳр дод гуфта ба наздаш меомаданд. Вай ба ҳамқишлоқиёни худ ва дигар як тӯда мардуми ховалингӣ, ки дар гирдаш ҷамъ буда ва аз итоаташ сар намепечиданд, фармон дод, ки дасти ду ғоратгари ашадии аз худ рафтаро бибуранд, чор нафари дигарро чӯб зананд. Бо ин тариқ ӯ мехост аз як тараф шиддати ғоратгариро суст ва аз тарафи дигар фақирони кангуртиро ба худ хайрхоҳ ва тарафдор созад. Дар бозоргоҳ ба пеши чашми халқ дастҳои он ду ғоратгар бурида ва чори дигар ба дарахт баста бо қамчин зада шуданд. Аммо ин тадбир ҳам натиҷаи казоӣ набахшид, ғорату яғмо давом мекард.
– Шӯриш футур рафт, валангорӣ сар шуд, – маъюсона гуфт Восеъ ба Назир. – Ман аз мирон–ку он қадар наметарсам, лекин ана ҳамин ғоратгарӣ оқибат моро ба хоки сиёҳ менишонад.
– Айб ба ин фақирон нест, Восеъ, – гуфт Назир. – Охир ҳоким, амалдорон буду нобуди инҳоро бурдаанд, ҳамаро кафангадо кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор