Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саид–мерган, Юсуф–мерган ва боз чандин ҳамсафони дигари Восеъ, инчунин додараш Қосим дар ҷанги охирин ҳалок гардиданд.
Восеъ бо як гурӯҳ саворон, ки дар байни онҳо Назир, Қосим, Одина ва Давлат Айюб ҳам буданд, баъд аз сарсонии серӯза дар кӯҳу дараҳо, оқибат ба Ховалинг расиданд.
Амлокдор ҳоло ба он ҷо барнагашта, қалъачаи ӯ ҳанӯз бесоҳиб ва валангор буд. Восеъ бо ҳамроҳонаш дар сояи чинорҳои шафати амлокдорхона таваққуф кард. Ёрон то гашти рӯз дар он ҷо ду–се соат истода дам гирифтанд.
Ба ногоҳ аз ҷониби деҳи Дӯстқулӣ, ки дар ҷанубтари Ховалинг воқеъ буд, як даста сарбозон пайдо шуда ба болои онон ҳуҷум оварданд. Ёрон рӯ ба тарафи Мазори Султон фирор карданд, аммо як дастаи дигари сарбозон аз байни қатортали тарафи шарқии Ховалинг баромада, ҳамлаовар шуда сари роҳи ононро гирифтанд. Задухӯрди шадиде ба амал омад. Назир, Нозим ва дувоздаҳ нафари дигар захмдор ё кушта шуда, дар сангоб монданд, Аммо ба Восеъ, Одина, Давлат Айюб ҳамроҳи чор нафари дигар аз муҳосира зада баромада гурехтан муяссар шуд.
Онҳо ба ҷануби деҳи Мазори Султон фирор карданд ва аз он ҷо ба ағбаи Ҳангак баромада рафтанд.
Ғолибон ва муттафиқон – Остонақул қушбегӣ, Мирзоакрами мирохӯр, Абдураҳмон–додхоҳи мири Кӯлоб дар Балҷувон ду рӯз ғалабаи худро ҷашн гирифтанд, бузкашӣ ва тамошоҳои дигар барпо намуданд, зиёфатҳои фаровон хӯрданд. Дар ин ду рӯз дусад нафар шӯришгари асир дар сангобҳои Талхаку Сурхоб бо теғи ҷаллодон кушта шуданд. Ҳокимони фотеҳ дар хуни фақирон ҷавлон мезаданд, тантана менамуданд.
Бек ба амир фатҳнома навиштанӣ ва ҳайати вакилони худро ба Бухоро фиристоданӣ шуд, аммо Остонақул ба ин монеъ гардид.
– То ки Восеъро ба даст наафтонед ва ё бо ягон тариқ нест накунед, фатҳнома навиштани шумо барвақт аст, – гуфт ӯ ба мирохӯр.

пешина
аз 471
навбатӣ