АХТАРОНИ АДАБ

Боре Восеъ бо Туғай рӯбарӯ омада монд. Туғай зуд ба як сӯ нигарист, худро нодида гирифт ё ба ношиносӣ зад, сари аспашро гардонд; Восеъ наъра кашид:
– Ба чашми ман нигоҳ кун, номард!! Ман Восеъ!!
Туғай нигоҳ накард, аз ҳариф дурӣ ҷуст. Ногаҳон аз даруни чангу ғубор Давлат Айюби ховалингӣ пайдо шуда, аз паҳлу шамшере ба Туғай зад, зарби шамшер ба сони Туғай рост омад, фавран сонашро хун пахш кард. Дар сонияи дигар зарби шамшери яке аз сарбозон ба поёнтари китфи чапи Восеъ фуруд омад, китфу дасташ хуншор гашт, аммо вай дар гармогармии муҳориба дардро ҳис накард, ҷангидан гирифт.
Назир дар майдон девонавор ҷазаба мекард, ҷавлон менамуд, ба росту чап шамшер мезад. Зарби сарбозе шамшерро аз дасти вай ғалтонд, вай аз давра зада баромада ба болои теппае асп ронд, ки дар он ҷо якчанд пиёдаҳо ба назар менамуданд, яке аз онҳо таёқи дарози нӯгаш мисли сари пиёз ғафсу кулӯлаеро ба дасташ қапонд. Назир онро таҳдидкорона дар гирди сараш чарх занонда ба маърака баргашт. Таёқ косаи сари як чанд сарбозро кафонд, чандеро маиб карда аз сари зин фурӯ ғалтонд, шамшери чандеро аз дастҳошон афтонд, аммо оқибат худаш ҳам шикаст.
– Восеъ, бас! Баро, ақиб гард! – фарёде зад Назир бо овози ғулғуланоки худ дар байни чангу ғубор. Ва худаш ба миёни талҳо фирор кард. Як гурӯҳ шӯришгарон аз пасаш тохтанд. Восеъ ҳам худро ба ҳамон сӯ зад. Ҳамаашон ба даруни талҳо, адирҳо, қирҳо, пасту баландиҳо гурезон шуданд.
Сарбозон онҳоро як ду чақрим таъқиб карданд, аммо дигар дар он пасту баландиҳо, дар ҷоҳои тангу тор таъқиб бефоида ва ҳатто номумкин гардид. Онҳо ақиб гаштанд.
Саворони ҷон ба саломат бурдаи Восеъ бо тану сарҳои хуншор ва дилҳои фигор, бо аспони ниҳоят мондашудаи арақшор дар кӯҳсорон паҳну парешон гаштанд. Пиёдаҳои аз дами теғи душман халосӣ ёфта ба кунҷу канорҳо, деҳу дараҳо хазиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор