Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо фақирон зану фарзандони ӯро аз деҳа ба деҳа, аз хона ба хона кӯчонда муҳофизат мекарданд, баъзан дар ғорҳо пинҳон менамуданд.
Он рӯзҳо ҳушу ёди Восеъ ба ёрони дастгир шудааш буд. Ба вай аз Шаҳидон хабар расида буд, ки Назир, Нозим ва чанде дигар зиндаанд, дар зиндони Балҷувон мебошанд. Восеъ дар фикраш нақшаи ҳуҷум ба зиндон ва озод кардани ёрони маҳбусашро мекашид. Одина ва ҳамроҳони дигараш ба Афғонистон гурехтанро маслиҳат дониста, ӯро ба ин моил карданӣ мешуданд, аммо Восеъ ин маслиҳатро ба таври қатъӣ рад карда мегуфт, ки то ёронаш гирифтор ва маҳкуми марганд, вай фикри халосии ҷони худро нахоҳад кард. Ба Балҷувон ҷосусони махфӣ мефиристод, онҳо вазъияти он ҷоро ба вай маълум карда меистоданд.
Баъд аз он ки ҳокими Ҳисор ва мири Кӯлоб ба вилоятҳои худашон баргаштанд ва Туғай ҳам бо лақайҳояш Балҷувонро тарк кард, дар он ҷо фақат бек бо дусад нафар сарбоз монда буд. Зиёдтар аз нисфи сарбозон дар кӯҳу дараҳо дар ҷустуҷӯи Восеъ ва дигар иштирокчиёни шӯриш саргардон буданд. Ин ҳол Восеъро ба васваса меандохт, ба вай чунин менамуд, ки нақшаи ҳуҷум ба зиндони Балҷувон қобили иҷро мебошад ва барор мегирад.
Вай дар ҳар ҷо – ҳар ҷо шӯришгарони гурезаро суроғ карда ёфта як чил нафар саворро ба худ гирд овард.
Рӯзе аз рӯзҳо ба вай аз Балҷувон хабар расид, ки бек бо сарбозонаш баромада ба тарафи Кангурту Қизилмазор рафт ва дар қалъаи ӯ фақат понздаҳ–бист нафар посбон монду халос.
Восеъ ин вақтро ғанимат ва фурсатро мусоид донист. Ӯ фавран саворонро ба ду даста тақсим карда, пинҳонӣ бо ду роҳ ба тарафи Балҷувон ҳаракат дод. Дастаҳо мебоист шаб дар Тути буни Ҳайдар ҷамъ мешуданд.

пешина
аз 471
навбатӣ