АХТАРОНИ АДАБ

Баъди хуфтан дастаҳо яке бо сардории худи Восеъ ва дигар бо сардории Одина дар он ҷо ҳозир гардиданд. Саворони ҳар ду даста сию панҷ нафар буданд. Восеъ бо онҳо дар торикӣ бо обраҳаи Сурхакон ба шаҳр дохил шуда, ба зиндони пойи қалъа тезу тунд ҳуҷум кард. Посбонҳои зиндон ба боло – ба қалъа гурехтанд. Одамони Восеъ чун асбобу ускунаи лозима надоштанд ва лозим будани онро фикр накарда буданд, бо дасти холӣ ҳар қадар кӯшиш кунанд ҳам, дари маҳками оҳанкӯби зиндонро кушода ё шикаста натавонистанд ва он гоҳ ба кӯчонидани дар зӯр заданд. Аммо дар ин кӯшишу тараддуд фурсати гаронбаҳо аз даст рафта буд – посбонҳои қалъа аз боло тирпаронӣ карда фурӯд омаданд ва ба одамони Восеъ дарафтиданд, сарбозон панҷоҳ–шаст нафар буданд.
Дар торикӣ заду хӯрди кӯтоҳе ба амал омад. Аксарияти шӯришгарон маҷруҳ ё кушта гардиданд, дастгир шуданд.
Аз сарбозон ҳам панҷ–шаш кас кушта шуд. Шонздаҳ савори Восеъ бо ҳамроҳии ӯ гурехта ҷон ба саломат бурданд. Одинаи захмдоршуда ва Муҳаммадалии бачкаконӣ асир афтоданд.
Ин ҳуҷуми ҷасуронаи Восеъ ба зиндон хотири ҷамъгаштаи бекро боз ноҷамъ карда монд, модом, ки Восеъ ҳамин қадар одам ғундошта ва ин навъ ҷасорат карда тавониста бошад, маълум мешавад, ки шӯриш тамоман фурӯ нанишаста, осудагии вилоят ва аҳолӣ барқарор нашуда будааст? Охир вай, бек, ба амир навишта буд, ки шӯриш зер карда шуд. Маълум мешавад. Остонақул қушбегӣ рост гуфта буд, ки то Восеъ ба даст наафтад ё кушта нашавад, шӯриш тамом ва зафари комил ҳосил шуд гуфтан барвақт аст? Аз ин андешаҳо тарсу ҳаросе ба дили бек роҳ ёфт. Сабаби тарсу ҳароси вай ин буд, ки қосиди аз Ҳисор омада аз номи Остонақул хабар оварда буд, ки амир Абдулаҳадхон барои додани инъомҳо ва мартабаҳо ба «қаҳрамонон»–и ҷанги зидди шӯриши халқ ба Ҳисору Балҷувон омаданӣ будааст. Худо нахоста амир биёяду Восеъ ҳанӯз дар кӯҳистон «озодона» тохту тоз карда гашта бошад, вай, Мирзоакрами ҳоким, ба ғазаби амир гирифтор нашуда намемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор