АХТАРОНИ АДАБ

Ба ҷойи ин гуфт:
– Восеъ, кори шудагӣ шуд; ба сари бандагони Худо ҳар чӣ биёяд, аз тақдир аст. Ман туро маломат намекунам, айбдор намекунам, аммо дар ғами ҷони ту ва Назир мондаам. Бидон, ки агар Худо накарда ту ва Назири сарсахт ҳалок шавед, кушта шавед, аввал касе, ки дар азои шумо ҷигараш об мешавад, манам, Ман аввал туро, баъд Назирро мисли додарони ҳамтанам дӯст доштам. Шумо чӣ сеҳру ҷодуе сохтед, ки маро дилбастаи худатон кардед.
Мулло дар ин ҷо, пеш аз он ки ба арзи муддаояш гузарад, сукуте кард. Восеъ гуфт:
– Раҳмат, домулло. Кошки ман ба ин ғамхорию меҳрубонии шумо меарзида бошам. Маро қатии Назир шумо мисоли додарони ҳамтанам гуфтед, ин аз хубию арзандагии мо набошад ҳам, аз покии дили шумо, аз бузургвории шумост. Раҳмат... Шумо ба ман чӣ гуфтанӣ будед, домулло?
– Аввал ту ба ман бигӯ, ки чӣ ният дорӣ? Минбаъд чӣ кор кардан мехоҳӣ? – пурсид Муллосафар.
– Агар аз дастам биёяд, Назирро, дигар ёронамро халос кардан мехоҳам.
– Нияти нек кардаӣ, аммо чӣ тавр халос мекунӣ? Як бор–ку озмуда дидӣ, нашуд.
– Боз як бор, ду бор, даҳ бор меозмоям, то вақте ёронам зиндаанду ман ҳам зинда.
– Метарсам, ки халосии ёронатро гуфта, худатро ба куштан диҳӣ, Восеъ.
– Майлаш. Агар онҳо кушта шаванд, ба ман ҳам зиндагӣ даркор нест.
– Хуб, фарз кунем, ки муваффақ шудӣ, ёронатро халос кардӣ, баъд чӣ кор мекунӣ?
– Мебинам... Пешакӣ гуфта намешавад... Ҳозир ғайр аз халосии Назир, Нозим, Одина, дигар ёрони асир афтодаам ҳеҷ хаёле дар сар надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор