Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Аз суханам наранҷ, Восеъ лекин ту ба васваса ғалтидӣ. Худат дар ҳавли ҷон ба мағоки паси обпарҳо пинҳон шудаӣ ва боз мегӯйӣ ки «ёронамро халос мекунам».
– Нахандед, домулло. Дар мағоки паси обпар ман дер намеистам.
– Ман намехандам, балки ҳайронам. Ба пурдилии ту, ғайрати бепоёни ту ҳайронам.
– Як шоир аз беандешагӣ, беэҳтиётии худ кулфат кашида, баъд пушаймон шуда, гуфта будааст, ки «Дидаву дониста худро дар бало андохтем».
– Ман шоир не, домулло.
– Шоир нестӣ ту, аммо марди оқилӣ, ҳеҷ оқил набояд ҷони худро бедарак дар таҳлука андозад.
– Хуб, ба фикри шумо, ман чӣ кор карда метавонам?
– Худат хабар дорӣ, мир чандин бор эълон кард, ки агар ту таслим шавӣ, гуноҳатро мебахшад.
Восеъ сар боло карда бо шубҳа ба чашми ҳамсуҳбаташ нигарист.
– Шумо ба қавли мир бовар кардед?
– Мир инро аз номи қушбегии Ҳисор ва аз номи амир эълон кард.
– Шумо ба қавли амиру қушбегӣ бовар мекунед?
– Росташро гӯям, ман мутараддид мондаам, намедонам бовар кунам ё накунам.
– Хуб, шумо дар ин бора аз барои чӣ гап кушодед?
– Хостам, ки дар ин бора фикри туро донам.
– Магар фикри маро худатон намедонед?
– Фикри ту... маълум, албатта... Аммо, аз тарафи дигар, ин манғитҳо бедодгар бошанд ҳам, ба ҳар ҳол амиранд, ҳокимони мамлакатанд, наход, ки дар пеши фуқарои худ дурӯғгӯй, рӯсиёҳ шуданро хоҳанд? Албатта, намехоҳанд.
Бо ҳамин мулоҳиза ман...
– Шумо ба ман «таслим шав» мегӯед? – суханро аз даҳони мулло гирифта рӯйрост пурсид Восеъ.

пешина
аз 471
навбатӣ