Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ман... мутараддид ҳастам... Гоҳо овозе аз ғайб ба ман мегӯяд, ки «Бовар кун! Подшоҳон аз қавли худ намегарданд, Восеи ту ба ҳамин тариқ ҷони худро халос мекунад»...
– ...«ҳатто амалдор мешавад, саркардаи лашкар мешавад» – ҳамин тавр? – истеҳзо кард Восеъ.
Муллосафар сар ба зер афканда сукут кард.
– Шумо, домулло, – суханашро давом дод, Восеъ, – аз афти кор, чӣ хел будани амирон, ҳокимон, амалдоронро, феълу атвори онҳоро дар китоби Эшони махдуматон хондаед, лекин худатон наозмудаед, ё ки озмуда бошед ҳам, фаромӯш кардаед. Ба дилатон нагиред, домулло, лекин ман мегӯям – шумо муллои доно бошед ҳам, сода будаед.
Аз рӯйи нақли худатон, пири шумо – Эшони махдум дар китобашон рост гуфтаанд, ки ин амирон, вазирон, ҳокимон на фақат ноодаманд, балки ҳеҷ аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаанд. Ҳоло инсофу адолат як тараф истад, онҳо қавл, шарм, номус чист, намедонанд. Мирзоакрамбой чӣ хел ҳокими Балҷувон шуд, шумо бояд шунида бошед. Касе, ки духтари ба балоғат нарасидаи худашро ба амири фосиқ пешкаш карда, соҳиби мансаб шуда бошад, аз ӯ чӣ умед? Ба қавлаш чӣ эътибор? Худи амиру қушбегӣ ҳам аз ӯ монданӣ надоранд. Ҳатто шайху эшонҳои «соҳибкаромат» ҳам. Ман ба шумо воқеаи шайх Саидасрорро нақл карда будам... Ба Худо, ки аз зистан дар фармонбарии ин ҳокимон, бо онҳо ҷангида шаҳид шудан авлотар!..
Чой кайҳо хунук шуда буд, ба нону чормағз ҳам даст расонда нашуд. Бонги якто–нимто хурӯсон ба гӯш расид.
Восеъ рафтанӣ шуда бархост. Мулло Сафар бо вай хомӯшона дар ҳолати андешамандии маҳзунона хайрбод кард.
Магар аз заъфи пирӣ буд, ё зотан худи Муллосафар марди нармдиле буд, ки боз ба чашмони вай об омад.
Восеъ ба «мағоки паси обпар» – манзили тару торики пурғавғои худ (пурғавғо аз шарроси об) баргашт.

пешина
аз 471
навбатӣ