АХТАРОНИ АДАБ

Маҳмадин аз шарикони Восеъ буда, пас аз охирин бор рафтани Восеъ аз Дараи Мухтор дар деҳи Боғча назди падари пири бемораш монда буд, ба куҷо рафтани Восеъро медонист ва бояд шаби дигар аз пайи ӯ ба Девлох меомад, аммо бо чӣ сабабе наёмада буд.
Муҳаммадалӣ гуфт, ки падари Маҳмадин дирӯз вафот кард ва ӯ баъди «обу ош»–и мурдаро гузаронидан ба назди Восеъ меояд.
Восеъ аз ҳоли ёрони зиндонии худ пурсон шуд, Муҳаммадалӣ гуфт, ки Назир, Нозим Одина ба гурехтани ӯ ёрӣ доданд ва супориш карданд, ки: агар Восеъро ёбӣ, ба вай саломи моро бирасон ва бигӯ, ки вай аз пайи халосии мо нагардад, зеро ин бефоида аст, мабодо, ки моро гуфта худаш дастгир шавад, мо ҳарчи дар пешониамон бошад, мебинем, бигузор вай ғами халосии ҷони худашро хӯрад ва агар тавонад ба Афғонистон паноҳ барад.
Восеъ аз омадани Муҳаммадалӣ на хушнуд шуд ва на хафа. Ӯро кайфияти як навъ бемаҷолӣ ва лоқайдие, ки гоҳ– гоҳ ба ӯ ворид мешуд, фаро гирифта буд. Соатҳо ба замин чашм дӯхта хомӯш менишаст ва як даҳон гап намезад.
Муҳаммадалӣ хеле серҳаракат буд, ӯ якзайл ба гӯши Восеъ мехонд, ки васияти ёрони зиндонии ба шаҳид шудан маҳкум гардидаашро ба ҷо оварад, яъне зудтар ба Афғонистон гурехта ҷони худро халос кунад. Аспи Восеъ пояш лат хӯрда буд ва мелангид, аспҳои дигар ҳам лоғару абгор ва баъзе яғир шуда, як аспро ёрон барои ғизо кушта буданд, бинобар ин Муҳаммадалӣ пайдо кардани асп ва озуқаи даркориро ба уҳдаи худ гирифт. Пурсиданд – аз куҷо ва чӣ тавр пайдо мекунӣ? Ҷавоб дод, ки ӯ дар поён, дар деҳаи фалон як нафар галабони фалонӣ бойро мешиносад, галабон худаш аз иштирокчиёни шӯриш аст ва метарсад, ки пагоҳ–бегоҳ сарбозон ӯро дастгир карда ба зиндон хоҳанд андохт ё хоҳанд кушт, бинобар ин вай ба гурехтан тайёр аст; агар ӯ, Муҳаммадалӣ, ба галабони номбурда бо ҳамроҳи Восеъ ба Афғонистон гурехтанро таклиф кунад, галабон бе шакку шубҳа на фақат розӣ хоҳад шуд, балки Восеъ ва ёронашро аз галаи худ бо аспҳои нағз таъмин ҳам хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор