Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ таклифи Муҳаммадалиро на рад кард ва на қабул. Ӯ ҳамоно ғарқи сукут буд. Давлат Айюб сукути ӯро аломати ризо дониста, ба Муҳаммадалӣ иҷозат дод, ки биравад, бо галабони ошнояш гапро пазонад ва аспу озуқаи лозимаро таҳия намояд.
Муҳаммадалӣ асояшро гирифта лангон–лангон, бо камоли майл ба роҳ афтод.
Вай ба Девлох рӯзи дигар дар шомгоҳ баргашт. Гуфт, ки галабон ба гурехтан бо ҳамроҳии Восеъ ҳозир аст ва ҳашт сар аспу ду линга озуқа дар хилватгоҳи дараи поён мунтазири ёрон мебошанд.
Ёрон панҷ сар аспи абгорашонро ба дӯстони девлохии худ вогузор ва бо онҳо хайрбод карда, вақти хуфтан аз он ҷо пиёда ба дара сарозер шуданд.
Аммо дар хилватгоҳи дара онҳоро на ин ки аспҳо ва лингаҳои озуқа, балки сарбозони Давлат қаровулбегӣ пойида истода буданд. Дар шаби моҳтоб сарбозон аз се ҷониб, аз паси талҳо пайдо шуда, ёронро печонда гирифтанд. Восеъ фақат акнун ҳилаи Муҳаммадалии хоинро дарёфт, аммо дер шуда буд... Вай шамшерашро кашида омодаи мудофиа гардид ва дар дақиқаи дигар ду сарбозро зада аз пой афтонд. Давлат Айюб ҳам бо зарби шамшераш ду сарбозро ғалтонд. Аммо он чи дар ин доми фиреб ва дар ин заду хӯрди нобаробар ногузир буд, рӯй дод: Восеъ бо ҳафт тан ёрони содиқи худ асир афтод.

пешина
аз 471
навбатӣ