АХТАРОНИ АДАБ

Асиронро бо чилбури дароз ба ҳам баста, пешандоз карда бурданд. Муҳаммадалиро низ ҳамчун асири ҳаштум ба онон ҳамроҳ карда бастанд, аммо ин як найранги содаи Давлат қаравулбегӣ буд, ки хиёнати Муҳаммадалиро аз Восеъ ва шариконаш рӯпӯш карда наметавонист.
Давлат қаравулбегӣ ба воситаи як нафар хабаркаши махфии худ аз ҷойи пинҳоншудаи Восеъ огоҳӣ ёфта буд.
Аммо вай аз пахш кардани деҳа худдорӣ кард, зеро аз он деҳаи баланд сар то сари пайраҳа намудор буд, ба он ҷо пинҳонӣ баромадан имкон надошт. Восеъ метавонист дар мавриди хатар аз Девлох ба кӯҳҳо баромада равад. Бинобар ин қаравулбегӣ ҳилаи аз зиндон «гурезондан»–и Муҳаммадалиро ихтироъ кард. Ҳилаи рӯбоҳонаи ӯ ба муваффақият анҷомид: Муҳаммадалии фурӯхташуда тавонист пешвои собиқи худ ва ёрони ӯро аз Девлох фуроварда ба доми Давлат қаравулбегӣ андозад. Бек ба вай дар ивази ин хизматаш, ба иловаи асп, пул ва сарупо, амали арбобии деҳаи худаш Бачкаконро ваъда карда буд...
Асиронро ба Балҷувон шабона оварда дар зиндон андохтанд.
Дар торикии лаҳадмонанди зиндон бандиҳои дар он ҷо нишастаро дидан мумкин набуд, Восеъ ва шариконаш даромадан замон фақат ҳис карданд, ки зиндон аз бандӣ пур аст. Сарбозон онҳоро ба чуқурӣ ба болои бандиҳои дигар тела дода фиристоданд. Бӯйи гарони заҳ ва арақи бадан ба димоғ мезад. Садои ба ҳам хӯрдани занҷиру завлонаҳо ба гӯш мерасид.
Восеъ ба по рост шуда ба зиндониён овоз дод:
– Ассалому алайкум, ёрон!
Ба ӯ якбора чанд овози хастаи беҳолона ҷавоб гардонд:
– Ваалайкум ассалом, Восеъ!
Баъд фих–фих садоҳои гиря шунида шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор