АХТАРОНИ АДАБ

– Додараки қиёматиам, туро ҳам гирифтанд? Пойи ман дар кунда аст, хеста наметавонам. – Ин овози пур аз дарду алам ба Назир тааллуқ дошт, ки Восеъ онро шинохт ва ба сӯйи овоз хазида, бародархондашро оғӯш кард. Дигар овози дуяшон шунида нашуд, бандиҳои ҳампаҳлу фақат аз ларзидани бадани онҳо ва шиқир–шиқири занҷири ба дасту гардани Назир басташуда ҳис мекарданд, ки дуяшон хомӯшона мегирянд.
– Дар ин ҷо боз киҳо ҳастанд? – пурсид Восеъ аз Назир.
– Нозим, Одина, – ҷавоб дод Назир. Ӯ боз чандин шӯришгари дигарро номбар кард ва дар охир гуфт: – Саидалӣ ҳам дар ҳамин ҷост.
Аз гӯшаи дури зиндон ҳунгос зада гиристани марде шунида шуд. Он мард Саидалӣ буд. Сарбозон ӯро пештар дастгир карда ба зиндон андохта буданд. Вай кӯдаквор гириста мегуфт:
– Аз гуноҳам гузар, Восеъ, ман нодонӣ кардам, ба гапи шайтон даромадам; аз кардаи худ сар бор пушаймонам.
Майлаш маро кушанд, овезанд, ман аз мурдан наметарсам, аммо ту гуноҳи маро бубахш, Восеъ, то ки ман аз ин дунё бадному рӯсиёҳ наравам!
Восеъ ба вай ҷавоб надод.
Дари зиндон бо шароққошуруқ боз шуда, ду зиндонбон дохил гардиданд, дар дасти якеашон фонуси кӯру хира дармегирифт, онҳо дар рӯшноии зарбу ларзони он ба гарданҳои асирони нав завлона заданд ва пойҳошонро ба кунда андохтанду рафтанд.
Баъд аз маҳкам шудани дар зиндониён овози Восеъро шуниданд, ки мегуфт:
– Мард бошед, ёрон. Маҳкам бошед, дилатонро бой надиҳед. Манғит гумон накунад, ки мо тарсидем. Сар аз тан медиҳему сидқ аз дил намедиҳем. Агар мо аз зиндон, аз теғу дор метарсидем, шӯриш намекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор