АХТАРОНИ АДАБ

– Ҳой! Истед! Истед! – аз дуртар фарёд зад ӯ ба онон.
Сарбозон бо гумони ин ки шояд ин савор аз ҳокимхона бо фармоне омада бошад, бозистоданд. Муллосафар аз назди зани девонамонанде гузашт, ки Фотима буд ва аз ақибтари саворон мерафт. Вай занакро нашинохт, аҳамият надода гузашт, ба назди саворон шитофт. Ҳамин ки расид, дар ғояти беқарорӣ ва изтироб пиёда шуда, худро ба аспе, ки Восеъ бар он нишаста буд, зад:
– Восеъ! Ман хоинам, туро дошта додам, маро бикуш!
Бикуш!.. – Мулло боз ба Назир дарафтид: – Назир! Ту бикуш маро! Ман хоин, мани лаин, мани муртадро бикуш!..
Восеъ, Назир ва Давлат Айюб ба якдигарашон нигоҳ карданд. Ба дили ҳар сеяшон гузашт, ки мардак боз ҷиннӣ нашуда бошад?
– Чаро шумо хоин бошед, домулло! – бо садои паст гуфт Восеъ. – Хоин каси дигар аст, мо ӯро ме...
Ясавулбошии ришкалон мудохала карда, гапи Восеъро бурид:
– Дур шав! – вай бо тундӣ муллоро бо қамчинаш тела дод. – Кистӣ ту? Дур шав, девона! Ин чӣ масхарабозӣ?! – Ба сарбозони пешгард амр кард: – Равон шавед! – Инро гуфта ясавулбошӣ як қамчини обдор ба сағрии аспи Восеъ фуровард, асп як қад парида пеш ҷаҳид.
Корвон ҳаракат кард, Муллосафар дар канори роҳ монд. Вай ҳамоно нолиш карда худ ба худ чизе мегуфт ва ду дасти ҳасрату надомат ба сар мезад.
Ба шаҳр вай шаби дер баргашт.
Ҳоҷӣ Яъқуб ба ҷогаҳаш даромада хобиданӣ буд, ки дарвоза тақ–тақ шуд. Хизматгор баромада Муллосафарро ба дарун даровард. Мулло дар айвони меҳмонхона мунтазир истод.
Соҳиби хона хоҳу нохоҳ бархоста, ҷомаашро ба китфаш партофта баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор