Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Э беимон! Каззоби қасамзада! – дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад Муллосафар. – Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ! Ту дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!..
Хизматгорони мударрис ӯро ба зӯр аз хоҷаашон ҷудо карданд. Бо амри вай онҳо муллоро дар ҳолате, ки худфаромӯшона ғавғо андохта мударрисро дашномҳо медод ва лаънатҳо мехонд, кашон–кашон бурда ба каҳдон дароварданд ва дари каҳдонро тамба заданд.
Аз он ҷо боз муддате нафрину дашномҳои мулло ба гӯш мерасид.
Пагоҳӣ даромада диданд, ки маҳбус дар пойгаҳи каҳдон шикамнокӣ дароз кашида хобидааст. Хостанд бедораш кунанд, бедор нашуд: вай мурда буд.


Назир ва Давлат Айюб бо ҳукми Остонақул–қушбегӣ дар Ҳисор кушта шуданд.
Восеъро амир ба Бухоро талабида буд. Вай мехост ин марди кӯҳистонии ба ҳукумати амир ин қадар ташвиш дода, ин сардори далери шӯриши халқиро бинад ва ӯро дар пеши чашми худаш кушонда хотирҷамъ шавад.
Давлат қаравулбегӣ ҳамроҳи сипоҳиёни балҷувоние, ки ба дастгир кардани Восеъ иштирок намуда буданд, бо бист сарбози яккачин Восеи дастҳояш ба пушт ва поҳояш ба шиками асп маҳкам басташударо ба Бухоро мебурд. Ба сифати имоми ин ҷамоат Абдулҳақхоҷа ном эшони ҳисорӣ, ки нияти ҳаҷ дошт, ба корвон ҳамроҳ карда шуд.
Қаравулбегӣ номаи мухтасари ҳокими Ҳисорро ба амир мебурд, ки дар он нома бо дасти худи Остонақул– қушбегӣ чунин навишта шуда буд: «Тасаддуқи сари мубораки ҷаноби олии ҳазратам, сайидам шавам аз давлати қавишавкати ҳумоюни олии мавлоям ин ғулом Абдулвосеи кӯрнамаки балҷувонӣ ҳамроҳи эшони Абдулҳақхоҷаи Соҳибзод ва Давлат–қаравулбегӣ ва Муллобой тӯқсабо ва Хӯҷамурод мирохӯр ва Қурбон– қаравулбегӣ ва ду нафари дигар ғуломашон...

пешина
аз 471
навбатӣ