Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

(ро) ба давлатхонаи олӣ фиристодам ғулом нодонам инҳо ҳазратам ҳамеша бадавлат саломат бошанд омин ё рабб–ул– оламин аттақсир аттақсир аттақсир...»
Фотимаи сарсахт ҳамоно аз пайи корвони сарбозу сипоҳиён кашол буд.
Мӯйи сиёҳаш жӯлидаву парешон, пойи бараҳнааш аз неши хору дами паррасангҳои роҳ хуншор, рӯяш аз шуълаи сӯзони офтоб сиёҳ гашта, вай гоҳо аз корвон пеш, баъзан ҳамроҳи он ва аксаран аз вай ақиб монда мерафт.
Корвониён, ғайр аз бародари асири худаш, боварӣ доштанд, ки занак девона аст. Ҳарчанд ӯро меронданд, суд намебахшид: Фотима гоҳо ғоиб мешуд, аммо баъд аз соате ҳамчун «аҷуза» боз дар қафо ё дар паҳлуи корвон пайдо мегардид. Ӯ дигар доду фиғон намекард, намегирист, дарду алам гулӯяшро фушурда, азобу машаққат фарёдашро қатъ карда, сӯзи дарун ашкдонашро хушконда буд. Ба ин ҳама машаққат танҳо зани кӯҳистонии ҷонсахте, ҳамчун Фотима, тоб оварда метавонист. Ҳар гоҳ, ки корвони қаравулбегӣ дар манзилҳо истода дам мегирифт, ё барои шабхобӣ таваққуф менамуд, одамони раҳмдил ба Фотима сарпаноҳе, ҷойи хобе ва хӯроке медоданд. Вай аз ин қабил бошандагони шаҳру деҳоти қади роҳ барои Восеъ куртаву лозимӣ ва ҷомакуҳнае ҳам ба даст оварда буд. Куртаву лозимиро дар манзилҳо ба Восеъ пӯшонда, пӯшоки аз тани ӯ кашидаашро мешуст, то ки бародараш дар манзили дигар боз пӯшоки чиркин шудаашро бадал карда тавонад.

пешина
аз 471
навбатӣ