АХТАРОНИ АДАБ

Корвониён кам–кам ба вай одат карданд, дигар вайро намеронданд, дашном намедоданд, масхара намекарданд.
Меҳри бепоёни хоҳарии Фотима нисбат ба бародари нокомаш ҳатто дили санги сарбозон ва мансабдорони худпарасти бемурувватро ҳам нарм карда буд, онҳо наметавонистанд, ба ин зан тан надиҳанд. Аз рӯзи сеюми сафар сар карда онон дар манзилҳо ба мулоқоти кӯтоҳ–кӯтоҳи бародару хоҳар иҷозат медодагӣ шуданд. Дар вақти ин мулоқотҳо Фотима ба бародараш нон, қурут, меваи хушк ва амсоли ин хӯрданиҳоро меовард. Хӯрданиҳо ба занак аз бошандагони маҳалҳои қади роҳ мерасиданд, ки худаш онҳоро камтар хӯрда, ба бародараш бисёртар мебурд.
Чун амир он рӯзҳо дар Шаҳрисабз буд, корвони қаравулбегӣ аз роҳ ба тарафи Шаҳрисабз гашт. Сафар нуҳ рӯз давом кард. Роҳҳо, манзараву манзилҳо ба Восеъ шинос буданд – вай порсол дар пайи халосии Назир бо ҳамин роҳҳо сафар кард буд.
Дар шаҳр ӯро пагоҳӣ ба ӯрда – қалъаи калон ва баланди мураббаи бурҷу борадор ва кунгурадор дароварданд. Аз ҳавлии беруни хиштфарши ниҳоят калоне, ки ба он понздаҳ–бист ҳазор одам бемалол меғунҷид, гузарониданд.
Сипас аз долони фарохи дар таҳи равоқҳои харобаи азими кошинкорӣ ва катибадори Оқсарои Темурӣ аз хишти пухта биноёфта гузарониданду ба ҳавлии андарун бурданд. Ин ҳавлии калони чоркунҷа ҳам хиштфарш буда, пояи иморату айвонҳои нақшини кандакориву гаҷкоршудаи гирдогирдаш аз саҳни ҳавлӣ ним қади одам баландтар буд.
Восеъро дар саҳни ҳавлӣ дар наздикии боргоҳи амир нигоҳ доштанд. Ӯ дар танаш яктаҳи дарози карбос дошт, дастҳояш ба пеш баста шуда буданд. Дар атрофи ӯ як дусад нафар мансабдору сипоҳиён меистоданд.
Ба ногоҳ яке даричаҳои боргоҳ кушода шуда, баъди як нафас дар дами дарича як марди ғӯли ришсиёҳи салласафеди ҷомаи зарбофтпӯш намудор гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор