АХТАРОНИ АДАБ

Вай амир Абдулаҳадхон буд. Масофаи байни ӯ ва Восеъ сӣ қадам беш набуд. Мансабдорон, сипоҳиён, навкарон ҳама якбора ба таъзим хам шуданд. Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги кафказии қариб то ба замин хамшуда танҳо Восеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт. Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: «Ту маро дидан мехостӣ? Инак, ман! Бубин! Душманони ту ҳама монанди мананд! Ман ҳоло асири туям, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!».
Амир гӯё, ки ба теғи нигоҳи Восеъ тоб наёвард, чашмашро аз вай канд, баъд Восеъ ҳам аз ӯ рӯй гардонд.
Амир ба кадом як мансабдори худ бо чашмаш имои ноаёне карду аз дами дарича ғоиб гардид.
Навкарон Восеъро бо шитобу ҷадал гирифта бурданд.
Ҷорчиҳо дар кӯчаву растаҳои шаҳр ҷор мезаданд:
– Мусулмонон, нашунидам нагӯед! Бо фармони подшоҳи ислом Сайид Абдулаҳад Баҳодурхон имрӯз баъд аз намози ҷумъа душмани давлату дин, саркардаи ёғию тоғиҳои кӯҳистон Восеи осии балҷувонӣ дар Регистон ба дор кашида мешава–а–а–д!...
Дори баландро дар миёнҷойи Регистони шаҳр – майдони пеши ӯрда рост карда буданд. Сарбозони савора ва пиёдаи туфангдор издиҳоми халқро, чуноне ки дар Балҷувону Ҳисор низ ҳамин тавр шуда буд, аз ҷойи қатл дуртар нигоҳ медоштанд, наздик омадан намемонданд.
Восеи дастбаста бардамона ба катчаи зери дор баромад ва дар ҳол ба атрофаш назар андохт. Вай хоҳарашро меҷуст. Ниҳоят нигоҳаш дар ҷое қарор гирифт: дар он ҷо, ба сафи пеши издиҳоми халқ, Фотима панҷаҳояшро ба ду чаккааш фишурда, бо даҳони во ва нигоҳи даҳшатомез истода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор