АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ ба тарафи ӯ саре ҷунбонид, бо хоҳараш видоъ кард.
Ҷаллодон ҳалқадаваки ресмони дорро ба гардани Восеъ андохтанд. Вай охирин бор ба шаҳр ба мардумон, ба дарахтон ва баъд ба осмон нигарист. Дар осмон шоҳинеро дид, ки баланд, хеле баланд парвоз менамуд. Шоҳин зуд дар баҳри ложвардии фазо ғӯтида аз назар ғоиб гардид.
Ҷаллодон ресмони дорро кашиданд... Чашмони Восеъро торикӣ пахш кард...
Фотима фарёди ҷигархароше бароварду ба дасти одамони дар пушту паҳлуяш истода ғалтид.
Ӯро кадом як шаҳрисабзии ғарибнавоз ба хонааш бурда хобонд. Зану духтарҳои он мард вайро як ҳафта парасторӣ намуданд.
Дар сари ҳафтаи дуюм вай роҳи диёри кӯҳистонашро пеш гирифт.
Боз пойи пиёда дар кӯҳу дашту дараҳо монанди девонаҳо баъзан навҳа андохта, баъзан тарона хонда, гоҳе рақсида роҳ мепаймуд. Боз одамони раҳмдил дар арзи роҳ ба вай сарпаноҳе ва хӯроке медоданд.
Роҳ бепоён менамуд. Фотима намедонист, онро чанд рӯзу чанд ҳафта тай кард. Ҳисоби вақтро гум карда буд.
Ва аслан вақтро ҳисоб ҳам намекард.
Дар Дараи Мухтор ӯро базӯр шинохтанд: зани сию ду солаи кулфатзада, риёзати беҳисоб кашида мӯяш сафед гашта ва дар ҳам печида баданаш мисли чӯб хушкида, пӯсташ сиёҳ гашта буд. Як зайл мегуфт:
– Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд: “Ёдуш ба хайр, баҳодур будай!” Маъракаи азодорӣ як ҳафта давом кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор