АХТАРОНИ АДАБ

Ё ту хаёл мекунӣ, манғит он қадар беақл аст, ки ба ин чизҳо ақлаш намерасад?
Саидалӣ дармондавор оҳе кашиду ба сукут рафт.
Восеъ аз ҷо бархоста гапро тамом кард:
– Бирав, Саидалӣ. Ту аз роҳат намону ман ҳам аз корам намонам. Ҳамин гуфтаҳои маро фикр кун.
– Ба мо қатӣ намешавӣ? Не мегӯйӣ?
– Бача нестам, Саидалӣ, ёғӣ–тоғибозӣ намекунам.
– Ман туро марди баҳодур, боҳамият гуфта будам.
– Оҳани тафсонро бо мушт кӯфтан баҳодурӣ намешавад; ба ин кор чакуши оҳанин лозим.
Саидалӣ як даҳан «хайр» гуфту дигар дам назада бадар рафт.
Падари марҳуми Саидалӣ марди кордон ва ҳунарваре буд. Дуредгарӣ, мисгарӣ, иморатсозӣ, сангиосиётарошӣ ва боз чандин ҳунарҳои дигарро медонист. Чорбоғи дар ҷойи беоб дар нишебии кӯҳи Чаган сабзондашуда низ аз ҳунарҳои ӯ буд.
Аз ин понздаҳ сол пеш, ки Саидалӣ ҷавони навхате буд, падараш Ятим рӯзе аз рӯзҳои тирамоҳ ногаҳон коре сар кард, ки ҳеҷ кас надонист он кор барои чист ва пирамард чӣ мақсаде дорад. Вай ба Чаган рафта дар нишебии он кӯҳ чоҳеро кофтан гирифт. Писарашро ҳам ба ин кор гирифт.
Марди панҷоҳсолаи лоғарандом, тамоми баданаш аз рагу пай зӯр каланд мезад. Куртаи дуруштнахи карбосии худро кашида партофта бо тани бараҳна кор мекард; на аз борон метарсид ва на аз шамолҳои сарди тирамоҳ парвое дошт.
Каландаш ба сангҳо хӯрда шарораҳои сӯзон мепарронд.
Ҳамқишлоқҳояш ҳайрон шуда аз ӯ: «Э марди Худо, чӣ мекобӣ?» гуфта пурсанд, Ятим: «Хазинаи ниҳон мекобам» мегуфту боз хоку шағалро гирифта ҳаво додан мегирифт. Баъд маълум шуд, ки вай хандақ мекобад.
То барфи нахустин хандақе ба дарозии сад қадам ва чуқурии ним қади одам пайдо гардид. Зувайриҳо ҳанӯз ҳам сирри ин савдоро надониста, ба оқибаташ нигарон буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё