АХТАРОНИ АДАБ

Тирамоҳ рафт, зимистони хунуки сербарф омад. Сару бари кӯҳҳо, рӯйи киштзору боғҳоро барфи ғафсе пӯшонид. Он гоҳ Ятим, ба ҳайрати ҳамқишлоқиёни худ, дар як китфаш каланд ва дар китфи дигараш бел, бо Саидалӣ боз ба кӯҳ баромад. Падару писар барфро ғундошта– ғундошта ба даруни хандақ партофтан гирифтанд. Саидалӣ бо нишондоди падараш кор мекарду лекин ӯ ҳам мақсади пирамардро намедонист. Барфро ба хандақ як навбат мепартофтанду баъд онро бо пой ва пушти каландашон зер карда шибба месохтанд. Сипас боз барф мекашиданд ва боз шибба мекарданд. Як ду ҳафта ҳамин тарз кор карданд. Хандақ аз барф лаболаб пур шуда буд, ки рӯйи онро бо як қабат гилу хок пӯшонданд ва он гилу хокро ҳам боз бо пой ва пушти каландҳошон зада–зада сахт карданд.
Дар аввали баҳор Ятим, занаш, бачаҳои хурду калонашро бо худ ба Чаган бурда, ҳамаро дар нишебии поёни хандақ ба сангчинӣ андохт. Дар муддати се ҳафта бештар аз якуним таноб ҷой аз сангу сангреза покиза карда шуд.
Сангу сангрезаҳоро ба гирди замин кашида тавора сохтанд. Баъд Ятим ва Саидалӣ он заминро аз як сар побел карда баромаданд. Побел тамом шуда, хок рӯгардон ва нарм гашта буд, ки аз Ховалинг ва аз боғҳои ҳамсояҳо ниҳоли себ, шафтолу, зардолу, гелос оварда, онҳоро дар замини навободи худ ба чандин қатор шинонданд.
Бештарини ниҳолҳо гирифтанд. Тамоми тобистон ниҳолҳои гирифта дар асари наме, ки аз барфанбор мезаҳид, шодоб ва сарсабз буданд.
Ҳамқишлоқиён ба доноӣ ва тадбири Ятим тан дода мепурсиданд, ки ӯ ин тариқа боғсабзонӣ ва обёрии каснодидаро аз кӣ ёд гирифт?
«Аз барф, хок, сабзаву шукуфаҳо ёд гирифтам» – мегуфт Ятим, ва нақл мекард, ки дар деҳаи Калтачинор хонаи бародари ӯ дар лаби нишебӣ афтода, дар пушти хона баъди як бор барои андоваи бому девор лой хобонидан чуқурие пайдо шуда будааст, бародараш дар зимистон барфи боми хонаашро бел карда ба он чуқурӣ мепартояд ва бо ин тариқ барфи дар он чуқурӣ ғуншуда аз лагадкӯбии чорпоёни хонагӣ, ки дар пушти бом баста мешуданд ё аз он ҷо гузашта ба чаро мерафтанд, шибба мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё