АХТАРОНИ АДАБ

Ӯ, Ятим, ҳар боре, ки ба дидани бародараш меравад, мебинад: якто нимто гиёҳе, ки пештар дар нишебии поёни чуқурӣ мерӯид, одатан дар нимаи тобистон мехушкид, аммо акнун, баъд аз пайдо шудани чуқурӣ ва барфанбор, дар он нишебӣ алафу сабзаи анбӯҳе мерӯяд ва он алафу сабза тамоми тобистон на фақат хушк нашуда сарсабзу шукуфон меистад, балки авҷ карда то миёни одам мерасад. Ятим инро мушоҳида карда фаҳмид, ки ин сарсабзию шукуфонӣ аз нами барфанбори пушти бом аст. Инак, ӯ ба қиёси ҳамин чизи дидагиаш дар ин ҷо боғу мевазор месабзонад.
Барф дар хандақ ҳар сол анбор карда мешуд.
Дарахтони мевадори Ятим аз соли сеюм сар карда бо навбат бор овардан гирифтанд. Дар пираҳани хокистарранги Чаган дарбеҳи сабзгуне пайдо гардид, мардум онро «Боғи Ятим» ном ниҳоданд.
Ятим чор бор меваи боғашро хӯрду аз дунё гузашт.
«Боғи Ятим» ба Саидалӣ мерос монд.
Хандақро ҳар сол таъмир карда аз барф пур намудан кори осоне набуд, бинобар ин Саидалӣ, барои он ки баъд аз сари падараш боғи ӯ хушк нагардад ва ҷазир нашавад, ба ҷустуҷӯи манбаи дигари об афтод.
Аз «Боғи Ятим» се чақрим дуртар дар худи ҳамон кӯҳи Чаган дар ҷойи баландӣ чашмае буд. Саидалӣ як сол зӯр зада аз он ҷо ба тарафи чорбоғаш ҷӯяке кашида оби чашмаро овард. Акнун тобистонҳо долу дарахт ва токзори ӯ муттасил аз оби ҷонбахш таъмин ва аз офати хушкӣ эмин гардида буд, то он ки дар як рӯзи наҳс қадами номубораки Давлат қаровулбегӣ ба он тарафҳо расида, чашми балоангезаш ба он чорбоғи дилкушои пурсамар ғалтиду офатеро дар болои он қоим гардонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё