Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бечора ба Давлат зорӣ мекард, ки:
– Бикуш маро! Ба ҳаққи Худо ва ҳурмати нону намаки дар ҳамин боғ хӯрдагиат, аввал маро бикуш ва баъд дарахтонамро бибур!
– Не, ман туро намекушам, аммо аз куштан бадтар мекунам! Ту ҳанӯз маро хуб нашинохта будаӣ, акнун бишинос! – қоҳ–қоҳ хандида тамасхур мекард саркардаи сарбозони мир.
Пас аз иҷрои фармони саркарда, сарбозон ва навкарон ҳамчун лашкари магаси ба наҷосати тар ҳамла оваранда ба дарахти буридаи гелос дарафтиданд. Онҳо дар талоши гелос шоху навдаҳои онҳоро шикаста мегирифтанд ва аз дасти якдигарашон мерабуданд.
Саркардаи шуҷоъ аз назораи боғи маҷруҳи мурдаистода завқ мебурд, мисли ин ки пас аз ҷанги фотеҳонае дар корзор лашкари ба хун оғуштаи душманро дида истода бошад.
– Дод аз дасти золим! – чун моргазида фарёд мезад Саидалӣ. – Ман ба ҳоким арз мекунам! Ба амир арз мекунам!
– Арз кун, – хандида мегуфт Давлат. – Э аблаҳ, магар намедонӣ, ки ман ба ҷаноби ҳоким ҳам, ба ҷаноби олӣ ҳам эрка мебошам, ҳарчи хоҳам мекунам, онҳо ба ман ҳеҷ чиз намегӯянд. Ту хаёл мекунӣ, ки аз барои ту барин як пойлучи шабушин ё аз боиси даҳ–понздаҳ бех дарахти ту ҳоким, амир монанди ман як сипоҳии дӯстдоштаашон, хизматгори содиқашонро хафа мекунанд? Ҷазо медиҳанд?
Аблаҳ ту! Аҳмақ!
Фотеҳони ҳарбу зарби чорбоғ рафтанд, Саидалии фалакзада дар ҳолате, ки ба дарахти тут баста шуда буд, монд, то он ки даҳмардае ба фарёдаш расида ӯро аз банд раҳо кард.

пешина
аз 471
навбатӣ