АХТАРОНИ АДАБ

Бақияи қарзи Восеъ аз қӯшпулӣ, танобпулӣ, мирона, ноҳақона ва ғайра саду бист танга баромад.
Дар ду соли хушкиву қаҳтӣ ҳукумат баъзе андозҳоро нисфӣ ва баъзеро сеяк гирифта буд. Боқимондаи андозҳо дар зиммаи деҳқонон қарз монда буд.
Чун аз рӯйи муқаррароти ҳукумати амир дар баҳор, вақти майса, аз деҳқонон нисфи ушрро мегирифтанд, амлокдор ин хироҷро ҳам ба болои «қарз»–и Восеъ зам кард.
Ба ин тариқ ҷамъи қарзи вай аз андозҳо сесад танга шуд ва ба иловаи маблағи ҷарима ба чорсад танга расид.
Як ҷузъи муҳимми андозҳои ҳукуматиро ноҳақона ташкил мекард. Ин андози навро амир Музаффар аз ин ҳаждаҳ ё бист сол пеш дар вақти ҷанги Бухоро ва Русияи подшоҳӣ муқаррар карда буд, онро дар аввалҳо хироҷи ҷанг ё хироҷи ҷиҳод мегуфтанд, аммо халқ ба зудӣ номи онро ноҳақона гузошт. Ҷанг дар худи ҳамон соли 1868 тамом шуд, товони гарони ҷангро ҳам амири мағлуб кайҳо аз фуқарои мамлакаташ батамом ғундошта дода буд, аммо ситонидани андози мазкур аз фуқаро ҳанӯз давом мекард.
Воқеан ҳам ноҳақона, андози ноҳақ!
Восеъ аспи сиёҳмушкини худро дӯст медошт, аз он ҳаргиз ҷудо шудан намехост. Марди кӯҳистонӣ бе асп чӣ мардест! Ӯ мисоли мурғи беболупар асту бас.
Аз ноилоҷӣ хоҳу нохоҳ Аноргулро ба фурӯши ғуноҷин розӣ кардан лозим омад. Восеъ дар аввали баҳор модагови қисирмондаашро фурӯхта ба пули он ҳамин ғуноҷини сесоларо харида буд. Ният доштанд, ки ин баҳор онро бори аввал бордор кунонанд.
Аммо ғуноҷин зиёд равад ба саду панҷоҳ танга меравад, ба қарз намерасад. Чӣ бояд кард? Восеъ ноилоҷ барзагови тоқаашро ҳам ба бозор баровард. Ӯ онро одатан бо барзагови Нозим ҷуфт мекарду ба ин тариқ дуяшон шарикона замин меронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё