Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ба ман рӯйловиаш мефорад.
– Гушнаӣ?
4
– Аз ду бучаи қурут одам магар сер мешавад?
– Ин тавр ки бошад, ту аз ин як қабза дунбулбирёнат ҳам сер намешавӣ, аммо агар онро бо нимта чапотӣ бихӯрӣ, сер мешавӣ. – Восеъ миёнбандашро дар пахол паҳн карду якто чапотии нахӯрдаашро пора намуда ба рӯйи он гузошт. – Бигир, бихӯр.
Дуяшон аввал чапотӣ ва баъд дунбулбирёнро тановул карданд.
Восеъ шунида буд, ки Ризо аз деҳаи Кулбагиён буда, дар хурдсолӣ аз падару модараш ятим монда, баъд аз он аз даргоҳи амаки бадҷаҳли муштзанаш ронда шуда, ду–се сол инҷониб «адирӣ» мебошад, сарсарӣ мегардад. Восеъ ба андоми барно, тарҳи рӯйи зебо ва чашму абрӯи сиёҳи ҷавон нигоҳ мекарду ба дилаш мегуфт, ки: ҳар падару модар ҳам бо ин гуна фарзанд фахр карда метавонистанд.
Боз ба болои ин вай далер, нотарс, чобук, оббоз ҳам ҳаст. Имрӯз дар Камолӣ барои аз шаллоқи Сангалӣ халос кардани он сағираи бегуноҳ қурутҳои дуздидаро оварда доданаш ҳам шоҳиди он аст, ки ӯ аз номус ва мардонагӣ низ бегона намебошад. Ҳамин тавр як ҷавон бекасу кӯй монда, аз хорию зорӣ, гуруснагию ташнагӣ нимёбоӣ шуда гардад! Э дунё!..
– Ризо! То кай ту сарҳуй мегардӣ?
– Чӣ кор кунам?
– Ман мегӯям, ба даргоҳи ягон каси боинсоф гардӣ, хизматгорӣ ё даҳмардагӣ кунӣ, намешавад?
– Безорам.
– Аз чӣ?
– Аз одамҳо, аз хӯҷаинҳо.
– Чаро?

3
Рӯйловиаш – яъне рӯиаловӣ.
Буча - кулӯла – Миннаташонро намебардорам.

пешина
аз 471
навбатӣ