АХТАРОНИ АДАБ

Гулъизор ҳатто ба аломати норозигӣ рӯяшро турш карда ақиб гашту дар паси дари ҳавлии дарун ғоиб гардид.
Восеъ ба ин кайфияти зану духтараш аҳамият надода Аноргулро фармуд:
– Ягон авқот биёр, ки аввал шиками писархондамонро сер кунем. – Ӯ хушҳол менамуд, зарбулмасали машҳурро ба таври худ такмил дода боз гуфт: – Мусулмонӣ ба шикамсерист, аммо, ман мегӯям, писархондӣ ҳам ба шикамсерист. Ҳамин тавр не, Ризо?
Аноргул дам назада рафт. Баъди як дам Гулъизор ду нони ҷавин ва як коса ҷурғот баровард.
Бихӯр, Ризо, баъд гап мезанем, – гуфта Восеъ хесту ба ҳавлии дарун даромад. Занаш ӯро бо саволӣ:
– Ин чӣ корест, ки ту мекунӣ, отаи Ҳасан? – истиқбол намуд.
Восеъ ба лаби айвон нишаста, воқеаи қурут ва баъд вохӯрии дирӯзаи худашро бо Ризо нақл карду гуфт:
– Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесариву бенасибӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбияташ кунем – одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад.
– Охир, замон замони қаҳтӣ бошад, мо бачаҳои худамонро базӯр пойида истода бошему боз ту ба сари мо як нонхӯри ҷомадаронро биёрӣ, магар хуб мешавад?
– Ризо ба мо фоидааш мерасад, ки зарараш намерасад; нонашро худаш ёфта мехӯрад.
Аноргул дигар чӣ эътироз ҳам мекард! Ӯ фақат шакку шубҳаи худро изҳор карда метавонист, аммо қарордоди шавҳарашро бекор кардан аз дасташ намеомад ва ӯ худро ба ин ҳақдор ҳам намешумурд.
Модару духтар бо амри Восеъ дар ду рӯз барои Ризо як куртаю лозимии карбосин духтанд. Ғайр аз ин боз сару либоси чиркину пора–пораи ӯро шуста, духта, дарбеҳи бисёре андохта, то як андоза пӯшиданибоб карда доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё