АХТАРОНИ АДАБ

– Охир, ман як оҷиза бошам... ихтиёрам ба дастам набошад... – Саросемагии Аноргул афзун гашт, ӯ ба по хеста, кӯзаашро ба даст гирифт. – Агар гап дорӣ, бигӯ, Восеъ, ман дер мемонам, меравам. Отаам ба намози хуфтан баромада буд, ки ман ба ин тараф омадам, ба очаам гуфтам «ба чашма меравам, об меорам».
– Хайр як дам биншин, охир, садқаат шавам, ду даҳан гап бизанем.
Духтарак нанишаст, он гоҳ Восеъ ҳам бархоста бо ҷиддият гуфт:
– Аноргул, ман пагоҳ пеш аз бомдод ба роҳ мебароям, дар даҳани дара ба ту нигарон мешавам. Ту биё, ҳамроҳ меравем.
– Ҳамроҳ? Ба куҷо? – ҳайрон шуд Аноргул.
– Ба Ховалинг. Ба хонаи мо.
– Мегурезем?
– Ту натарс, ба деҳаи мо расида никоҳ ки кардем, гап тамом мешавад, ҳеҷ кас ҳеҷ чиз гуфта наметавонад.
– Ҳу–у, ту бало будаӣ, Восеъ! – Аноргул шитобкорона ба роҳ даромад, Восеъ аз қафои ӯ равон шуд: – Ин тавр...
намешавад. Отаам аз паямон меафтад, дастгирамон мекунад.
– Намекунад, ман як роҳи дигарро медонам, бо ҳамон роҳ меравем.
– Ростӣ ки... намедонам... Метарсам... Хайр, то пагоҳ ягон гап мешудагист. – Аноргул қадамашро тезонд.
– Ман нигарон мешавам, Аноргул! – аз қафои ӯ гуфт Восеъ. – Агар ту бо ман ҳазлу мазоҳ накарда бошӣ, ҷазмӣ бошӣ, меойӣ!
Ӯ ба осиё баргашт. Осиёбони солхӯрда, аслаш норинҷӣ, ошнои дерина ва қадрдони Шакар, бегоҳӣ хӯрҷини Восеъро ба хонааш бурда дар он ду–серӯза тӯшаи роҳ – чапотӣ, гӯшти яхнӣ, пистаю чормағз андохта овард.
Восеъ наздики саҳар хеста дар торикӣ аспашро зин карду савор шуда ба роҳ баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё