Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Роҳ дар хамгашти дара ба ду ҷудо шуда, яке ба тарафи ҷануби ғарбӣ – сӯйи Ховалинг, дигар қад–қади Хингоб ба тарафи ғарб: – сӯйи Тавилдара мерафт. Восеъ дар ҳамин ҷо пиёда шуда мунтазири Аноргул истод.
Хеле истод: аз деҳа азони муаззин шунида шуд, ба болои кӯҳи Дарвоз сапеда дамида, чашми рӯз во шудан гирифт; пардаи нимторикӣ аз болои деҳа бардошта шуд, аммо дар пайраҳа ҳеҷ касе пайдо нагардид.
Восеъ пиндошт, ки Аноргул ба омадан ҷуръат накард ва намеояд. Озурдахотир ва маъюс савор шуд, аммо ҷилави аспро ба ҳеҷ тарафе накашид, асп худаш ба роҳи қади дарё гашт, савор ба вай монеъ нашуд – акнун ӯ бе Аноргул ба кадом тарафе ки равад, барояш фарқе надошт.
Охирин бор ба ақибаш нигоҳ карду ба шодии бепоёни худ дар сари пайраҳа занеро дид, ки шитобон ба сӯяш қадам партофта меояд. Восеъ гӯё акнун дасташ ба мадор омаду ҷилави аспро ба канори роҳ тофта таваққуф кард.
Аноргул дар дасташ як буғчаи майда расида омад.
– Ёдат ба хайр, Аноргул! – нидо кард Восеъ. – Ман медонистам, ки ту духтари шердил ҳастӣ.
Ӯ буғчаи духтарро, ки зоҳиран сару либосаш буд, гирифта ба хӯрҷин андохт, ҷомаашро кашида таҳ карда ба пушти асп партофт ва духтаракро ба он шинонду худаш ҳам савор шуда ба роҳ даромад.
Аспи ҷирани шаб аз ҷав сершуда, бардамона қадам мепартофт. Восеъ ва Аноргул масофаи беш аз дуним фарсангро тай карда, қариби пешин ба Тавилдара расиданд ва ба он деҳа надаромада, дар лаби Хингоб соате дам гирифта наҳории гаштирӯзӣ хӯрданд ва аспро низ дам дода, чаронданду баъд ба тарафи ғарбӣ равон шуда, бегоҳрӯзӣ ба деҳаи Қароқӯтан расида, шаб дар хонаи чӯпоне хоб карданд. Вақти бомдод аз он ҷо баромада ба тарафи ҷануб саворӣ намуда, гашти рӯз дар дашти Ангора ба деҳае фуромаданд.
Роҳи пурпечу тоб ва пурфарозу нишеб ҳам асп ва ҳам саворони моро хеле монда карда буд. Хусусан Аноргул, ки ҳама шаб бо хотири мушавваш дар хонаи чӯпони ношиноси қароқӯтанӣ бедорхобӣ кашида буд, худро кӯфтаву шалпар ҳис мекард.

пешина
аз 471
навбатӣ