Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Инак, гўш деҳ!
Дарахтони боғ ҳама одаманд. Онҳо ҳам як замон мисли ту ба ҷустуҷўи якдигар ба ин макон омада буданд, аммо ба Девдарахт пирўз нагашта, дарахт шуданд. Вазирону донишмандону ҷавонмардони фиристодаи подшоҳ низ ин ҷоянд.
Ту низ ба банду балои Девдарахт гирифтор ва ба зудӣ дарахт хоҳӣ шуд!
Ман ҳамон подшоҳам, ки туро ба ин тараф фиристод ва Девдарахт хидматгорони ман аст, ва ман ҳар чӣ фармоям, вай бечунучаро иҷро мекунанд.
Эй баргаштабахт! Ҳоло ҳамаро барои ту ошкор хоҳам кард. Акнун туву Девдарахт дар майдони ҳарб қарор доред. Агар ў зўр ояд, ту низ дарахт хоҳӣ шуд, агар ту пирўз гардӣ, дев нобуд ва ҳама дарахти боғ дубора одам хоҳад шуд. Дар ин ҳарб ба ягон ҷониб як зарра гузашт нест, зеро ин ҳарб ҳарби ақлу дониш аст, на зўри бозу.
Худи дев низ дарахт аст. Вай фақат бегоҳ, баъди ғуруби офтоб ба сурати асл бармегардад.
Агар ту дар боғ қадам зада, Девдарахтро бехато ва ба як бор шинохта тавонӣ ва табар зада, то ғуруби хуршед аз беху бунаш бибурию биафтонӣ, ба мурод хоҳӣ расид. Ин кори душвор нест, вале осон ҳам нест. Танҳо одами зирак Девдарахтро шинохта метавонад. Агар ту дар ҳақиқат оқилу доноӣ, аз ўдаи ин кор набароӣ ва офтоб ғуруб кунаду замину замонро соя фаро гирад, Девдарахт ҳамоно пайдо шуда, туро ба сурати дарахт медарорад.

пешина
аз 19
навбатӣ