ДЕВ ДАРАХТ

Фаромўш накун, ки фақат то ғуруби офтоб фурсат дорӣ!
Эй мусофир! Агар саволе дорӣ, аз кампири ҷалоҷин бипурс. Усули пурсидан чунин аст: аз оби чашма бори дигар бинўш ва дар зери дарахте дароз кашида, чашмонатро бипўш. Ҳамоно ғанаб хоҳӣ рафт ва кампири ҷалоҷин пайдо хоҳад шуд.
Агар ҳама гапу кор равшан аст, бигир табарро ва ба боғ даро!»
Донишманд мактубро хонду моту мабҳут монд. Вай донист, ки подшоҳ ўро фиреб кард, худро мотамзадаю ранҷкашида вонамуд ва ба ин тараф фиристод. «Чаро? – пурсид вай аз худ. – Муроди подшоҳ аз ин мазҳака чист?»
Ҳакимшоҳ таъкиди подшоҳро ба ёд овард:
«Агар саволе дорӣ, аз кампири ҷалоҷин бипурс.
Усули пурсидан чунин аст: аз оби чашма бори дигар бинўш ва дар зери дарахте дароз кашида, чашмонатро бипўш. Ҳамоно ғанаб хоҳӣ рафт ва кампири ҷалоҷин пайдо хоҳад шуд…»
Пас ба назди чашма рафт, об нўшид ва дароз кашиду чашм пўшид. Дарҳол ўро ғанаб бур два кампири ҷалоҷин пайдо шуд.
– Чӣ мехоҳӣ? – пурсид кампири ҷодугар ва дар лабони кабудаш табассуми таҳқиромез нақш баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё