ДЕВ ДАРАХТ

– Муроди подшоҳ аз ин мазҳака чист? – пурсид Ҳакимшоҳ.
– Ҳукм рондан! – ҷавоб дод кампир.
– Подшоҳ бе ҳамин ҳам ҳукмрон аст-ку?! – ҳайрон шуд Ҳакимшоҳ. – Чӣ намерасид, ки вазири худро ба доми Девдарахт афканд, ҳазор-ҳазор ҷавонмардони мамлакаташро ҷоду кунонд?
Кампири ҷодугар гуфт:
– Инҳо ба ҳокими мутлақ шудани подшоҳ халал мерасонданд. Вазир донишманду зирак буд, вай ба баъзе қарору қонуни подшоҳ розӣ намешуд. Ҷавонмардоне, ки ба ҷустуҷўйи вазир омада буданд, ҷонибдору хайрхоҳи ў буданд. Аз ин сабаб подшоҳ ҳамаро ба ин боғ фиристод ва Девдарахт ҳамаро табдил ба дарахт кард. Акнун дар кишвар халқи зоҳирбину мардуми содадил,
ғуломони гапгиру ҳамкорони бесаводу камхирад боқӣ мондаанд. Онҳо аз макри подшоҳ огоҳ нестанд, агар огоҳ гарданд ҳам худро ба нодонӣ мезананд ва ё нодида мегиранд. Подшоҳ ободу озод аст, дами хуш мезанад, ғулому чокараш беҳисоб. Ҳар марди асил, ки дар кишвар буд, подшоҳ бо сад баҳона ба боғ фиристод, то бо Девдарахт дар ҳарб шавад. Вай нағз медонад, ки аз ин ҷо касе ҷон ба саломат намебарад… Қисса кўтоҳ, подшоҳ дигар хавотирзадаву парешон нест!
– Девдарахт чӣ мехоҳад? – пурсид боз Ҳакимшоҳ. – Аз ин гапу кор ба вай чӣ мерасад?
– Лаззат, тамошою хандаю хушҳолӣ! – ҷавоб дод кампири ҷодугар. – Дигар ҳеҷ!
– Бирав! – хитоб кард Ҳакимшоҳ. – дигар савол надорам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё