Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даки хунукрӯй дид, ки илоҷ нест, ба танаи навдаи бед часпида боло хазид. Мисли мори сиёҳ базӯр панҷаҳояшро дар каҷиву роғҳои бед монда, ба лона торафт наздик шуд.
– Ана, лонаи булбули гӯё чӣ гуна будааст, – гуфт ба худ мардак. – Акнун худи булбулро ҳам бемалол дошта мегирам. Ӯ базӯр каҷпаҳлӯ истод, надонист, пои дигарашро куҷо халонад.
Ба поён нигарист, дид, ки ҳамроҳаш аллакай чор-панҷ парандаро дар қафас ҷой карда, ӯро интизорӣ дорад. Булбул болои сари душманаш чархзанон хост ӯро аз лонааш дур созад. Аммо чӣ тавр аз ин душмани ҷонӣ халос шуданашро надонист.
Булбули зору нолонро дилаш аз ҳаёт монда буд. То ин дам ӯ ошиқи зиндагӣ, муҳаббату дӯстдорӣ буд. Мехост ба худ ёре ёбаду ишқварзӣ кунад, дар ҳавои суруд рақсад. Лекин дар як дам дилаш сиёҳу қалбаш садпора шуд. Одамизод ӯро дилхунуку ғамкушта сохт. Месуруд, аммо овозаш оҳанги нокомӣ, ҷонканӣ дошт.
Талвосаи булбул мардакро саросема кард, ки ӯ чӯбдасташро аз лонаи вайрона дур андохтанӣ шуда, нохост мувозинаташро гум карду нӯги тезу мехчадори таёқ баргашта ба сари худаш зад. Ӯ як оҳ гуфту дасту пояш аз душохаи бед канда шуд.
Акнун мардак дар поён, зери бед бо азоби алим дасту по зада ҷон меканд. Аз фарқи сараш хун ҷорӣ шуда, тану либосаш лолагун гардид. Мард паст нолиш карда, оқибати амалашро дид. Рӯ ба рӯяш лонаи вайронаи булбул кашол буд. Гӯё оҳу уболи булбул, лонаи вайрона ӯро охирин бор мепесонд.
Парандаҳои зиндамонда фирор карда хостанд ин макону диёрро батамом тарк созанд...
Дигар булбулро дар шоху панҷаи беди лаби наҳр касе надид. Афсонаи талошу набарди охирини булбулро танҳо оби сарди наҳр донисту халос. Ин баҳор оби наҳр сар ба соҳил зада, ҳамон нолаи зори булбулро такрор кард...
Боз имсол дар шоху навдаи ниҳолони канори наҳр дигар парандаҳо лонасозӣ доштанд. Чуғзу зоғ ҳокими долу дарахтзор шуд... Лонаи титу пошхӯрдаи булбул дами шамолҳои баҳорӣ қариб вайрон гашт. Аз алафу каҳи лона осоре намонд.
Касе нафаҳмид, ки соҳиби лона, булбули зору нолон якбора куҷо ғайб зад.

пешина
аз 193
навбатӣ