Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дами саҳарӣ булбул нохост овози фарёд, ғиреву ғавғои одамонро шунид. Ду-се нафар бо қаҳру ғазаб ба лонаҳои қатори ниҳолон ҳуҷум карда, чизеро меҷустанд. Яке лона вайрон мекарду дигаре ба сӯи селаи парандаҳо санг мепартофт.
Дар канори наҳр мотам, рӯзи маҳшар барпо шуд.
Гунҷишкакону чархресакон фирор карданд. Зоғи сиёҳ бо шаст болои сари одамон пайдо шуда, бо минқораш ба сару рӯи онҳо зад.
– Ин ҳафтафаҳмҳо боз булбул гуфта, аз яксар ҳамаи моро бехонумон карданд, – гуфт чархресак.
– Охир чӣ хел ба ин гурӯҳ фаҳмонем, ки булбул дигар асту аз авлодашон дар ин гирду гӯша танҳо якто боқӣ мондаасту халос. Он ҳам бошад, дар канори наҳр лона дорад. Аздусар одамон забони моро намефаҳманд-ку, – ҳасрат кард гунҷишки дар обу арақ афтида.
Гуфтугӯи парандаҳо ба оташи қаҳру ғазаби шикорчиён равған рехт. Акнун онҳо лонаи булбулро зудтар ёфтанӣ шуда, ба сари парандаҳои бегуноҳ марг оварданд. Садои чиқ-чиқи гунҷишку ҷиғ-ҷиғи ҷуғз ва қар-қари зоғи сиёҳ асло паст намешуд. Булбул дид, ки илоҷи дигаре нест. Хост парандаҳои зиндамондаро аз ин марги ногаҳонӣ, балои осмонӣ наҷот диҳад. Ӯ паст парвоз карда, нохост наздики издиҳоми шикорчиён овоз баровард.
Чаҳ-чаҳкунон ҷастухез кард. Акнун шикорчиён булбулро шинохта, шодона аз пайи доштани вай поёнтари нишебӣ давиданд. Диданд, ки булбул даруни лонааш паноҳ шуд. Акнун булбул дар лонааш мотам дошт. Ӯ охирин сурудашро, ки моломоли ранҷу дард буд, дар лонаи бо ҳавас бунёд кардааш мехонд.
Одати ин парандаи хушовоз ҳамин аст, албатта пеш аз маргаш ба лонаи ҷонкандааш видоъ мекунад. Марди дунёбехабар чӯбдастаашро ба лонаи булбул халонд. Лонаи устокорона сохта ба ҷунбиш омад. Асои дароз чанд ҷои лонаро сӯрох кард...
Вале булбул асло аз охирин манзилаш ҷудо шуданӣ набуд, ки ғирев дошт. Аввал хост бо нолаи зораш раҳми одамонро орад. Аммо аз ин фикраш гашт. Онҳо ҳоло ғами булбулро надоштанд. Ноилоҷ атрофи лонааш чархзанон парвоз кард. Худашро ба шоху танаи дарахт зада, болашро хуншор сохт. Мар-

пешина
аз 193
навбатӣ