Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дар ёдам ҳаст, аммо кайҳост хушкидааст!» «На, нахушкидааст.
Он чашмаи оби ҳаёт аст. Ту бояд он чашмаро ёб!..»
Мӯйсафедро хоби дидааш парешон кард. Ӯ оромиро аз даст дод, овози гавазн аз гӯшҳояш намерафт, дар миёни ҷангал мегашту ба чор сӯ нигаҳ мекард, чизе меҷуст. Роҳравон надид, ки чӣ хел буттаҳои пиёзи анзурро таги по кард. Дуртар селаи тазарвҳо нишаста буданд. Мӯйсафед тамошои ин мурғони зеборо дӯст медошт, аммо ин бор ба онҳо нигоҳ накард. Дар сараш ҳамоно як фикр давр мезад: «Шояд ба ростӣ оби чашмаи Зелолак шифобахш бошад? Пештар ҳамаи ҷонварон аз ҳамин чашма об менӯшиданд..»
– Ҷамол, чашмаи Зелолакро дар ёд дорӣ?
– Бале, аммо вай кайҳо хушкидааст.
– На, он чашма нахушкидааст,вай чашмаи одӣ нест, – ҳаяҷонашро базӯр фурӯ бурда нидо кард мӯйсафед.
– Пири кор, ҳар рӯз як гапи нав мегӯӣ. Равшантар гап зан.
– Гавазни пир дар хобам гуфт, ки Зелолак оби ҳаёт аст…
Ҷамол ба замин нишаст, сарашро миёни дастҳояш гирифт, хандид. Мӯсафед ба ин парво накард, ба суханаш давом дод:
– Агар Зелолак хушкида буд, чаро ҷонварон аз чашмаи нав ёфтаву тозакардаи мо наменӯшанд. Маълум, ки онҳо дар куҷо будани Зелолакро медонанд. Мо бояд он чашмаро пайдо кунем.
– Ман дирӯз дар Зелолак будам. Он ҷо ҳеч гуна чашма нест.
Саид рост ба чашми шогирдаш нигарист, аммо чизе нагуфт.
Аз нигоҳаш хонда мешуд, ки ба будани чашмаи Зелолак ва шифобахшии он заррае шубҳа надорад.


Моҳҳои охир ба ҷои ҷангалбонӣ кораш аз идора ба идора
давидан шуд Саидро. Хаста шуда буд, вале намехост аз
нимароҳ баргардад, азмаш то ба охир рафтан, ҳақиқатро
побарҷо кардан буд. Ҳоло ӯро раиси кумитаи замин ба наздаш
хонда буд. Саид роҳравон меандешид, ки ҷангалу ҷангалбон
ба ин идора чӣ муносибат дошта бошанд. Ин ҷо ба ӯ
фаҳмонданд, ки дар ҳудуди хоҷагии ҷангал як пора замини
санглоху беоб будаасту Носир ном кас онро харидану обод

пешина
аз 193
навбатӣ