Аз пайи паланг

ро инҷо оварда сар медиҳанд. Аз дасти чорво рустание намондааст. Соли гузшта зимистон сахт омад. Ҷонварон аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд. Селаи кабкҳо маҷбур ба деҳа фуромаданд. Мардум садҳо кабку бошаро нобуд карданд.
Саид аз миёни ҷангал мерафту ҳодисаҳои солҳои пешин аз пеши назараш мегузаштанд. Боре, тахминан даҳ сол пеш, ба шаҳр рафт ва ба боғи ҳайвонот даромад. Ва он ҷо ҳамон гавазнро дид, ки аз назди ӯ бурда буданд. Тани лоғару нигоҳи ҳазини ҳайвон ҷигарашро пора кард. Хаёле гавазн ӯро шинохт, назди панҷара омад, гардан ёзид, сару танашро бӯ кашид. Гӯё гуфт «ту ҳам мисли дигарҳо ба тамошои ман омадӣ?» Дар вақташ ӯ ба ваъдаи намояндаҳо бовар карда, гавазни озодро дар банд кардаву ба шаҳр фиристода буд. «Кай медонистам, ки боғи ҳйвонот чӣ аст? Вагарна асло ҳайвони безабонро аз ҷангалу ҳамроҳонаш ҷудо намекардам». Гавазн дар макони танг ин тарафу он тараф ҳаракат карда, ҷои гурез мекофт, шохҳояшро ба панҷараҳои оҳанин зада, садои ғамангез мебаровард. Хаёле ба Саид лаънат мефиристод…
Мӯйсафед ғарқи андеша чӣ гуна назди Ҷамол расиданашро нафаҳмид, ҳодисаи хирсбачаву Носирро низ чанде аз ёд бурд, хаёлаш ҳама банди гавазн буд. Вақтҳои охир ӯро тақдири гавазнҳо ором намегузошт. Қариб ҳар шаб ҳамон гавазни гирифторро хоб медид. Аммо ин хоб ғайримуқаррарӣ буд, боре гавазн ногаҳ ба гап даромад. Дар асл вай по мекӯфту сар меҷунбонд, аммо Саид овозашро мешунид. «Ёд дорӣ солеро, ки нав ба кор омада будӣ? Чӣ хел кӯҳу камар зебо буд, аз бӯи гулу гиёҳ маст мешудӣ. Ба ҳайрат наё, ҳамаи ҷонварон забон доранд, бо якдигар гуфтугӯ мекунанд, аммо одамон забони онҳоро намефаҳманд. Танҳо одамони поку раҳмдил гоҳе онро пай мебаранд..»
Гавазн ба давру бараш нигоҳ кард, ҳис намуд, ки дар беша дигар касе нест, оҳиста гуфт: «Гӯш кун, ман омадам, ки сирреро бароят кушоям. Дар кӯҳистон гиёҳҳое мерӯянд, ки умри инсонро дароз мекунанд. Аммо одамон ҷангалҳоро нест карданд, чашмаҳо хушкиданд. Чашмаи Зелолакро ёд дорӣ? «Бале,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё