Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гург охирин бор ба буттаҳои шикастае, ки он вақтҳо чодари хаймаи сайёҳонро нигоҳ медошт, бо ҳасрат нигоҳ карду сӯи чашма омад. Бӯи бузи кӯҳиро дар димоғаш нигоҳ дошта, сӯи теғаи кӯҳ давид. Чашмаи Бедак паси сар монд, – пиндошт гурги ланг. Дар пеш боз чормағзи пир, Хами Савра, Кӯтали Вағлел... Гурги пир қариб ҳар рӯз аз ин роҳу пайраҳаи шинос мегузараду ҳайрон мемонад. Аз он ки одамизод ҳамҷинсони ӯро несту нобуд кардааст, он қадар хафа нест. Балки дар шигифт аст, ки гулу буттаҳои нодир нест мешаванду одамонро аз ин парвое нест. Ӯ аз назди чормағзи пир давида гузаштанӣ буд. Ҳароина, намехост, ки назди дарахти пире, ки шоҳиди безабони ҳодисаҳои бисёре аст, биистад. Аммо боз дилаш нашуд. Ва ӯ маҳзунона ба шоху панҷаҳои шикастаю урёни дарахт бо ҳасрат нигоҳ кард. Навдаи аз ҳама ғафси дарахт шикаста овезон буд, хаёле намехост, ки аз танаи худ ҷудо шавад, ки ҳамоно чун дасти хушкидае ҳамоил буд.
Гурги пир бори дигар даври чормағз гашту нӯла кашид.
Дилаш ба ҳоли дарахти танҳою шикаста сӯхт ё ба худаш, ки бедаво гашт. Дар тӯдаи барф ғел зада, бадард овоз андохт.
Зӯзаи гурги пир дар саросари дашти бесоҳиб танин андохт.
Гурги пир дар ин лаҳзаҳо яккафарёд дошт. Нағз медонист, ки дар ин ҷо касе ба ӯ ҳадди нигоҳ кардан надорад. Кӣ ҳам, ба ғайр аз вай, дар ин макон мезияд? Ӯ чи қадар дар паҳлӯи чормағз ғел зад, худаш намедонад. Танҳо вақте ба худ омад, ки аллакай танашро гушнагӣ меҷафид. Аммо ҳоло ӯ дар ин бора ба худ фурӯ рафтан намехост. Ин дам ӯ гузаштаашро пеши рӯ овард.
... Гурги ланг ана дар зери ҳамин чормағз ба дунё омад.
Вақте чашм кушод, аввал ҳамин чормағзро дид. Ҳайрон шуд, хаёлаш, соҳибаш маҳз ҳамин дарахт аст. Чанд ҳафта бад-ин минвол гузашт. Гургбачаҳои дигар аз ӯ хеле дур рафтанд. Ӯ ҳам хост аз паси онҳо пой монад, аммо натавонист. Баъд ӯ монду чормағзи пир. Модагург ҳам ӯро он қадар рӯи хуш намедод. Ва ӯ ноилоҷ лангон-лангон базӯр назди модар меомад.
Таги пои модар хазида, ба сад азоб фукашро ба пистони модагург мебурд. Хумори шираш мегирифт, мехост ҳамроҳи додарчаҳояш ба серӣ шир макад. Аммо зӯраш намерасид. Аз

пешина
аз 193
навбатӣ