Аз пайи паланг

камҳавсалагии худ аламаш меомад. Баъдтар модагург гургбачаҳоро ба ҷойи дуртар ҳамроҳ мебурдагӣ шуд. Ба онҳо шикор кардану ба дигар ҳайвонҳо дарафтоданро ёд медод...
Бори нахуст, вақте ки модагург гӯсфанди хунолудеро миёни гургбачаҳо партофт, ҷанги ҳақиқӣ сар шуд. Гургбачаҳо хеле моҳирона гӯсфандро пӯст меканданд. Ӯ пои иллатиашро кашолакунон хост аз гӯшти гӯсфанд ҳаққашро ситонад, ки гургбачаҳо дандончаҳояшонро гиз карда, таҳдидаш карданд.
Модагург, ки ин манзараро аз дур назорат дошт, худашро нодида гирифта даррав ба лонааш даромад...
Ва ӯ – ҳайвони безабон, ана ҳамон дам нахустин бор ҳис кард, ки вай бо ин пои иллатиаш ҳатто ба модари худ даркор нест. Чӣ илоҷ? Ҳаёти гургона ки сахт буд, модагург ба фарзанди лангаш бовар надошт. Ӯ гумон надошт, ки дар шикору талошҳои галаи гургон ин гургбачаи заифу ланг рӯзе тоб меорад. Ҳамин тавр, модагург бо гургбачаҳояш гурги лангро батамом тарк карданд...
Ва ӯ монду ҳамин чормағзи пири танҳо. Ба танҳоӣ оҳистаоҳиста одат кард. Аввал гулу гиёҳ мехӯрд. Аҳд кард, ки барои зистан мубориза барад. Акнун аз таги чормағзи пир дур мерафтагӣ шуд. Дарунтари кӯҳпораҳо мерафт, медавид, пояшро омӯхта мекард. Ба ҷонварҳои атроф нотарсона ҳамлагар мешуд. Чусту чолок гашт. Дилаш аз гургону атрофиён батамом монд. Чанд маротиба хост ба галаи гургон ҳамроҳ шавад, вале ҳар дафъа аз роҳаш мегашт. Азобу ранҷҳои айёми наврасиаш ӯро нагузоштанд, ки пеши ҳамҷинсонаш баргардад.
Рӯз то рӯз, ҳафта ба ҳафта ӯ боқуввату чолок мешуд. Ҳатто бо ҳамин пои лангаш кори ҳар ҷонвари аз пешаш пайдошударо дар як дам тамом мекард. Дар ин гирду гӯша дигар ягон ҳайвон ё даранда ҳад надошт, ки бо ӯ сар ба сар шавад. Танҳо аз одам бим дошт. Ҳам метарсид, ҳам кирдори одамонро сарфаҳм намерафт. Зеро ӯ аз ҷумлаи одамӣ танҳо шикорчиёну чӯпонҳоро медонист. Хаёле дар дунё ӯ буду ҳамин шикорчиёну чӯпонҳои бераҳм...
Гурги пир аз Хами Савра гузашта, рост ба теғаи кӯҳ баромад. Ӯ чунон моҳирона мерафт, ки гурги ланг буданаш чандон маълум набуд. Аз паси харсангҳо гузашта ба паҳлӯи тобасанг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё