Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дашро омодаи ҳуҷум мекард. Ҳис мекард, ки бо ин панҷаҳо аз ӯҳдаи ҳама гуна шикор мебарояд. Зеро нағз медонист, ки ризқи паранда дар нӯлу панҷаи ӯст. Ва ӯ яке болои хонаҳо пайдо мешуду беист давр мезад...
... Дар миёнаҷои ҳавлӣ чӯҷаҳои нав аз тухм баромада, бепарвоёна хоклӯтак доштанд. Яке паси дигар коҳилона садои пасте бароварда дабба-дабба роҳ мегаштанд. Мокиён ҳар замон чӯҷаҳояшро наздиктараш оварда «қиғос» мезад.
Онҳоро мефаҳмонд, ки дуршавӣ аз ин мавзеъ барояшон хатар дорад. Мокиён ҳамоно аз чизе хавотир буд, ки ҳар замон ба осмон нигариста, баъд ба атроф чашм медӯхт. Ӯ аз пайдо шудани гурба ҳарос надошт. Зеро медид, ки хурӯс дар поёнтари ҳавлӣ бовиқор ӯ ва чӯҷаҳояшро назорат дорад. Ҳатто дирӯз дид, ки чӣ тавр гурба миёнаҷои ҳавлӣ пайдо шуду дар балои азиме монд. Вақте ки хурӯс гурбаро дид, гарданашро баланд ёзонда қанотҳояшро бардошту ноаён ба гурбаи бечора дарафтод. Задухӯрди сахте ба вуқӯъ пайваст. Гурба аз зери панҷаҳои хурӯс халос шуда наметавонист. Хурӯси таҷанг ҳар замон ба сару тани гурба нӯл мезад, оқибат худаш дамгиру монда шуд магар ки гурбаро ғолибона сар дод...
Ҳозир мокиён аниқ медонист, ки дигар гурба аз тарс дар ин қарибиҳо пайдо намешавад. Ӯ аз дигар чиз сахт биму ҳарос дошт. Хотираш аз душмани ҷониаш – алибоҷ, ки ӯро бачаҳо чӯҷабарак гӯён фарёд мекунанд, парешон буд. Мокиён аз ӯ ҳазар мекард. Медонист, ки алибоҷ нохост пайдо шуда ба сараш ягон бало меорад.
... Сояи алибоҷ чунон тез болои ҳавлӣ пайдо шуд, ки ҳама дар ғафлат монданд. Мокиён киғосзанон чӯҷаҳояшро наздаш даъват кард. Аммо аллакай дер шуда буд. Мокиён бо қанотҳои тилташ ҳайрону зор монд.
Алибоҷ паст фуромада ба ҷои хоклӯтаки чӯҷаҳо чанг зад.
Сайди ба даст омадааш – ду чӯчаи наврас зери панҷаи гирояш чиррос мезаданд. Ӯ аз ҳуҷуми хурӯс хавф накард, баръакс, ба хурӯс дарафтода бо як-ду зарбаи сахташ ӯро аз худ дур намуда ба ҳаво хест...
Алибоҷ ҳоло дар паҳнои осмон сайругашт дошту ҳеч майли

пешина
аз 193
навбатӣ