Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрӯз ҳам ҳаво аз дами саҳарӣ мувофиқи табъи дилаш буд, ки бе ҳеҷ фикру андеша омодаи парвоз шуд. Ӯро хумори сайр, талоши баландиҳо гирифта буд.
Алибоҷ дар осмони беканор парвози дурудароз дошт.
Канотҳояшро кушодаву ҳаворо зери парҳош ҳис намуда, роҳат мекард. Дар осмони нилгун парвоз кардан барояш чӣ гуворою хушоянд аст. Ӯ маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо худашро озоду ягона, бебок, серу пур медид. Гуё танҳо умқи осмон метавонист макони фароғати ӯ бошад. Ҳоло алибоҷ барои ором кардани вуҷуди лакоту хастааш беист парвоз дошт. Гоҳе худашро сахт тилтонда тирвор паст меомад, ҳамин ки ба замин, шафати талу кӯҳпораҳо наздик меомад, боз боло мешуд. Қувват пайдо карда ноаён боло мерафт. Ин ҳангом болҳои гиро, нӯли расо, панҷаҳои серҳаракату тезаш синаи осмонро дарида, хомӯшии ин муҳити оромро халалдор мекарданд. Ҳоло танҳо шарфаи қанотҳои алибоҷ шунида мешуду халос...
Алибоҷ ин дафъа ҳам хеле дур рафта буду акнун ба поён – ба замин – макону дунёи инсоният бо ҳавас менигарист.
Нигоҳи пайгиронааш аввал хеле хуб поёнро назорат кард. Балки шавқи алибоҷ омад аз тамошои боғу роғ, кӯҳпораҳои атроф.
Ӯ хуб медид, ки чӣ тавр аз миёнаи кӯҳҳои азим шаршараи зебое бо шаст поён мерехту дар роҳрави пушта ҷӯйчаи оби зулоле ҷорӣ мегашт. Алибоҷ дар зиндагии тӯлониаш ҳамаи хубу бади атрофро омӯхта буд.
Солҳои аввал дар ин кӯҳу дара зиндагии ширине дошт.
Ҳар гоҳе аз ғор, ки он ҷо лонааш воқеъ буд, дур мешуд, бе тарсу ҳарос ба чор тараф парвоз мекард. Аввалҳо, ҳамин ки болои деҳае, ки дар шафати кӯҳсорон воқеъ буд, пайдо мешуд, соатҳои дароз аз гирумон, давуғеҷи одамон чашм намеканд. Аз зиндагӣ, ҳаёти фарзанди инсон лаззат мебурд.
Чанд сол пеш ризқу рӯзияш аз пушти мардуми ҳамин маҳалла буд. Шиками сер, рӯҳу тавонро аз миёни ҳамин одамон пайдо мекард. Ҳамаи киштзорҳо, гандуму шолӣ, алафи дашт дар ихтиёраш буд...
Баъзан ҳатто ҳамаи инро назараш намегирифту боз ба шикор мебаромад. Худо ин панҷаву бозуро барои чӣ додааст? Ин дам бо нӯли гирояш зери қанотҳояшро кофта, ху-

пешина
аз 193
навбатӣ