Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шабҳо хобаш ҳаром мегашт. То дами субҳ мижа назада фикр мекарду худро хаёлан бо ҳамон хазинаи тилои бобояш медид. Қавл медод, ки тилоро оқибат хоҳад ёфт...
Маърака метасфид. Дар берун дастгоҳ беист кор мекард.
Вале садои баланди он ба гӯши касе намедаромад. Шишаҳо пайиқам холӣ мешуданду Азизро аламаш дучанд мегашт. Ӯ гоҳе айёрона ҷинҷ зада, бо алам пиёлаи арақашро дам мекашиду боз каҷпаҳлӯ мезад...
– Иншооллоҳ, бо ёрии ин дастгоҳи хориҷӣ соҳиби кони тило ҳам мешавем. Вале бачаҳо, бовар кунед, ҳамон нақли раҳматӣ бобом, тилоҳош ҳеҷ аз хотирам намераванд. Як илоҷ карда онҳоро ёфтан даркор... Номи маро беҳуда Азиз-бойбача нагузоштаанд, меёбам, албатта меёбам...
– Биёед, барои ҳамон тилоҳо менӯшем.
Қадаҳҳо боз холӣ шуданд. Чашмони гургмонанди Азизбойбача ҳамоно ҳарисона медурахшиданд...
Алибоҷ хеле болои хайма, хоначаи тилокорон чарх зад. Аз вайронаҳои атроф, гулу гиёҳҳои хушкшуда, дарахтони шикаста чашм намеканд. Ӯро сӯзишворие, ки беист ба атроф мерехт, ба даҳшат овард. Ва ҳеҷ намефаҳмид, ки барои чӣ одамизод танҳо ғами худашро мехӯрад, барои чӣ замини зери пояш, атрофашро писанд намекунад.
... Алибоҷ дар болои шаху кӯҳпораҳо давр гашта – давр гашта ҳис кард, ки гушна мондааст. Эҳа, агар солҳои пештар ин ҳолат ба ӯ рух медод, дар як лаҳза сайдашро пайдо мекард.
Нигоҳи тезаш даррав аз баландиҳо тӯъмаашро медид. Дигар ягон ҳайвон ё чарандае қудрати аз нигоҳи ӯ паноҳ шуданро надошт. Алибоҷ қанотҳояшро тилт карда, сарозер мешуду нохост тӯъмаашро зери ҷанголҳояш мегирифт. Ҳоло дигар ӯ ҳаваси шикор надошт. Охир, чӣ ҳам шикор мекард, бо чашмони сараш медид, ки мардум охирин бошандагони ин дашту ҳомун – гургу рӯбоҳ, хирсу бузҳоро нест мекунанд, аз дасти одамизод дар ин макони як вақтҳо босафо дигар овози кабк ҳам намебарояд. Акнун онҳо ба ғорҳо, миёни кӯҳпораҳо хазида тамоми мавҷудотро нест мекунанду боз розӣ нестанд. Ҳоло ҳам нафсашон қонеъ нашудааст. Ин чӣ даҳшат аст-а? Аммо алибоҷи пир қудрати ҳамаи инро радду бадал, андеша кардан надошт. Ӯ кайҳо ҳирсу

пешина
аз 193
навбатӣ