Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тӯъмаро дар қалбаш кушта аз ризқи фаровон даст кашида буд.
Ба ҳамин як наволаи ночизе ҳам қаноат мекард. Имрӯз ҳам мурдаи кирмзадаи як-ду харгӯшро нӯл зада каме шикамашро сер карду халос. Акнун ӯ парвоз дошт. Аз рӯи одат анъанаҳои авлодии хати парвозашро давр мезад. Дар ин мавзеъ аз азал авлоди ӯ ҳукмронӣ мекард. Касе ҳад надошт, ки хати ин маконро вайрон кунад. Танҳо алибоҷ метавонист дар ин ҷо шикор кунад.
Алибоҷ хеле пештар, ҳангоми навомӯхт буданаш аз модараш фаҳмида буд, ки нисбати табиат, чарандаю парандаи дигари ин мавзеъ он қадар бераҳм набошад. Алибоҷ то ин дам ин панди авлодашро дар гӯш дорад ва ҳангоми шикор инсофро дар ҷои аввал мемонад. Беҳудаю баҳуда ба ҷонварон ҳуҷум карданро ба худ раво намебинад.
... Алибоҷ нимаҳои рӯз хаставу беҳолона дохили ғор шуд. Ӯ ба лонааш наздик шуда, яке овози гуфтугӯи одамонро шунид.
Аввал ҳеҷ бовараш наомад. Дар умраш аввалин бор шоҳиди он гашт, ки одамизод ба ин ғори кайҳо фаромӯшшудаю касногузар роҳ ёфтааст. Дар ёд дошт, ки то ин дам пои қадами касе ба ин ҷо нарасидааст. Шояд пештар аз ӯ, солиёне, ки дигар пайвандонаш ин ҷоро лонаи худ интихоб карда буданд, одамизод ин маконро ҳам зери чашм карда бошад, шояд, – аз дил гузаронд Алибоҷ. Ва ӯ оҳиставу бесадо парвоз карда ба одамон наздик шуду аз болои санги калоне ба онҳо назар афканд.
... Алибоҷ даррав онҳоро шинохт. Нахуст ҳамон Азизбойбача, ҳамон ишкамкалони чашмсурхро ҳамроҳи дигар тилокорон дид. Онҳо байни якдигар баҳс доштанд. Алибоҷ бисёр мехост сабаби ҷанҷоли онҳоро фаҳмад. Шояд фаҳмидан мехост, ки ин дафъа одамизод аз барои кадом кор-моли тақсимнашуда байни якдигар низоъ дорад. Вале боз аз раъяш гашт. Аз дил гузаронд, ки аз вақте худашро ёд дорад, одамизод аз кораш розӣ несту доим байни якдигар дар ҷангу ҷӯш, зиддият қарор дорад. Алибоҷ ҳайрон-ҳайрон ба ин одамони гумроҳу ҳарис бо нафрат назар дошт...
Азизи ишкамкалон базӯр ҳамроҳонашро хомӯш карда боз аз пайи ҷустуҷӯи хазина шуд. Акнун ҳар кадом чор тарафи ғорро бо шасту қаҳр мекофтанд. Азиз ин дам ҳай ҷадалу талош дошт. Марде ки то ин рӯз базӯр роҳ мегашту аз кори вазнин

пешина
аз 193
навбатӣ