Аз пайи паланг

– Чаро кару гунг шудаӣ, дар бағалат чӣ дорӣ?...
Азизбойи хомӯшу беҳисшуда яке девонавор аррос зада ҳамроҳонашро аз худ дур карда гуфт:
– Дар бағалам, ку... Эй балозадагиҳо, тило ёфтам, тилои бобома худам... Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ... Наздик нашавед! – Ӯ девонавор чарх зада бағалашро маҳкам медошт. – Ҳамааш аз худам, ба касе намедиҳам!
Ҳамроҳонаш ба чашмони хуношом ва ҷисми ларзони ӯ нигоҳ карда дар тааҷҷубу ҳайрат намедонистанд чӣ кор кунанд. Хаёлашон, Азизбой яқин девонаи ҳот шудааст...
Аммо ӯ девона нашуда буд. Ҳамаашро мефаҳмид. Мехост бидонад, ки дӯстонаш чӣ ният доранд. Дарк кард, фаҳмид, ки тиловориро тақсим кардан даркор аст. Аз нигоҳи тамаъангези ҳамроҳонаш инро даррав пай бурд. Аммо Азизбой марди гӯлу гаранг ё сода набуд, ки даррав бозёфташро бо онҳо бинад. Ҳамин буд, ки ягона илоҷи аз онҳо халосшавиро дар девонагӣ, якравӣ медид...
Ӯ ҳамоно дод гуфта ҳамроҳонашро аз худ дур мекард.
Тилокорон ноилоҷ аз нигоҳи ваҳшатзадаву ҳайвонии Азизбой тарсида паси ҳамдигар ҷониби манзили худ роҳ пеш гирифтанд. Азизбой ҳам аз қафошон омада дохили хайма шуд...
Шаб дохили хайма сарду хомӯш буд, дӯстон ба якдигар акнун ногап, гӯё қаҳрӣ буданд. Дигар касе қудрати хомӯшии ин шаби дилгиркунандаро шикастан надошт. Тиловорӣ байни дӯстон кайҳо тухми зиддият, кинаву адоват кошта буд. Охир, онҳо зиёда аз як моҳ мешавад, ки тило мекобанд, ҳатто дастгоҳ овардаанд, ин мавзеъро чаппагардон кардаанд, вале натиҷааш он қадар маълум не. Мана, Худо дод... Дар як рӯз ин қадар тилои қадимаи бисёр насиби Азизбой гашт.
Ҳар кадом дар дил ҳазору як нақша мекашид. Азизбойро хоб намебурд. Ин марди аслан хоболудро ҳиҷ хоб намеомад. Бо дили хаставу беқарор ҳазору як паҳлӯ гашта тангаҳои тилоро сахттар зери панҷаҳош фишурда ба фикр фурӯ мерафт. Гоҳе аз тарс даст ба корд бурда, баъд бо дили бехавф ором мегирифт.
Танҳо қарибиҳои дами саҳар Азизбойро хоб бурду яке ба гулӯяш як чизи сарду хунук расид. Хост дод занад, фарёд кунад, натавонист, ҷисми нимҷонаш зери дастони ҳамроҳонаш меларзиду корд хунашро мерезонд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё