Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

соҳиби хазина, тиловории зиёд шудааст. Хост аз бахти ёфтааш, ризқу рӯзиаш баланд фарёд кунад, ҳамроҳонашро огоҳ созаду хуб шодӣ кунад, ба ин муносибат чорта дами беғам зада маишат кунаду то бас гуфтана арақ нӯшад. Ана, омада-омада ба муроди дил, орзуи деринаам ҳам расидам, – аз дил гузаронд Азизбой. Дигар ормоне надорам. Ҳоло ҳамроҳонамро фарёд мекунаму баъд тиловориро байни якдигар тақсим...
... Не, не, не... Ҳаргиз...
Аз гуфтани ин гап яке даҳшат фаро гирифташ. Хайрият, ки ҳамаи ин фикру хаёл асту то ҳол ба забон наовардаам, – гуфт худ ба худ ӯ.
Фаҳмид, ки овозашро касе нашунидааст. Акнун Азизбой аз ҳама чизи атроф бим, сахт тарсу ҳарос дошт. Намехост, ки ҳатто шарфаи пояш, нафаскашиашро ҷондоре шунавад. Ин дам суроби ӯро танҳо алибоҷ хуб медиду мушоҳида мекард.
Ҳайраташ меафзуд, ки одамизод бо ёфтани се-чор оҳанпора ин қадар бехуд шудаасту базӯр нафас мекашад. Рангу рӯи мардак сафедхок барин паридаасту қудрати аз ҷой хестан надорад.
Алибоҷ дар тааҷҷуб буд, ки чаро Азизбой акнун аз ҳамроҳонаш ҳарос дорад, чаро...
Азизбой, ана ҳамин тавр, хеле карахту беҳис, гунгу кар хомӯш истод, намеҷунбид. Мехост ҳамин тавр ноҷунбон бо тилоҳои ба дил зеркардааш ба хоби ноз равад...
Яке овози ҳамроҳонаш аз дуртар ӯро ба худ овард.
– Ҳой, Азизбой, меравем ё не...
Ӯ ана ҳамин вақт фаҳмид, ки ба чӣ хатое роҳ додааст. Охир, ин тилои бобои худаш бошад, чаро онро тақсим мекардааст.
Худам ёфтам-ку, – барқвор аз дил гузаронд Азизбой. Акнун ба ин лаънатиҳо чӣ хел фаҳмонам. Чаро аз аввал фикр накарда, ин ношудҳоро ҳамроҳ гирифтам-а...
Азизбой кебида-кебида ба ҳамроҳонаш таги чашм нигоҳ кард. Гӯё ӯ як марди дуппа-дуруст, ҳолиё дабба шуда буд, ки базӯр ба онҳо наздик шуда сарду бегонавор ба ҳамроҳонаш нигоҳ кард.
– Азизбой, ба ту чӣ шуд. Мабодо, аҷина ё парӣ назада бошад туро-а!
– Мор газид туро, чӣ бало!

пешина
аз 193
навбатӣ