Аз пайи паланг

намегирифт. Барфрезаҳоро шамол бо шаст оварда ба тани гиёҳҳои нав аз зери барф раста мезад. Ниҳолони кӯҳие, ки ба ҳамлаи тундбод тоб намеоварданд, нолиши пасте карда мешикастанд. Резаҳои барф ба сару рӯи паланги пир зада, ӯро имкони тез ҳаракат кардан намедоданд. Лекин паланги пир чун одати дерина лаҳзае гашташро суст намекард. Балки ӯ моҳирона пеш меҷаҳид. Роҳгардӣ барояш хеле осон буд. Чунки ин кӯҳу дара мисли панҷаҳои гирояш барояш ошною азиз буд. Палангак аввал андаке гаранг шуд, баъд худашро зуд ба даст гирифта аз дунболи модар давид...
Онҳо танҳо дар миёнаи дара имкони дамгирӣ пайдо карданд. Акнун кӯҳҳои барфпӯш аз онҳо хеле дур монда буданд.
Дар поёни қуллаҳои барфпӯш на шамол буду на барф. Ба димоғ танҳо бӯи сабзаҳои нав аз хок саркашида, бӯи гулу гиёҳ мерасиду халос. Ин ҳама барои паланги навомӯхт мӯъҷиза буд. Ӯ ба ҳайрат афтод...
Ин ҷонвари безабон кай медонист, ки дар поёни кӯҳҳо чунин диёри сабзу хуррам ҷой дорад...
Паланги навомӯхт ҳар сӯ давида гоҳе худашро ба сабзаю алафҳо афканда ҳаловат мебурд. Дунё дар назараш ба сад ранг ҷилва дошт. Ӯ дигар қудрати аз ин макон дур шуданро надошт. Аммо нигоҳи паланги пиру ғамзадаро дида дилаш таҳ кашид. Ҳайрон шуд. Зеро ӯ модарашро ягон маротиба ин гуна рӯҳафтодаю малул, хотирпарешон надида буд. Паланги пир гардани бақуввату пойҳои кӯтоҳи часпонашро ба ҳам кашида нигоҳи ғазаболудашро дар домани дара шикаста садои даҳшатборе кашид. Ин овози ӯ аз даҳшату тарс дида ба дили паланги навомӯхт чун нолаи ҷонсӯзу имдодхоҳонае расид. Паланги навомӯхт ҳушёр шуд. Аз нигоҳи рамузгиронаи модараш ҳамаашро фаҳмид. Акнун ҳар ду дарунтари таҳдашт фаромаданд. Паланги пир ин диёреро, ки як вақтҳо сабзу хуррам буду имрӯз харобазорро мемонд, ба паланги ҷавон нишон дод...
Долу дарахтони шикастаю бурида, чашмаҳои хушкида. Паланги навомӯхт акнун сарфаҳм мерафт. Аз дур ба деҳае, ки дар поёноби қади дара ҷойгир буд, хеле нигаристу дар ҳайрат афтод. Аз он ки одамизод ин қадар бераҳму шафқат аст. Наход онҳо ба қадри ин дашту даман нарасанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё