Аз пайи паланг

Дар қадова ҷо-ҷо гулхани хокистари сӯхта, пӯсту устухони ҷонварон ба чашм мерасиду халос. Аз паси сангҳо аҳён-аҳён чирроси ҷонварону овози парандае хомӯшии даштро халалдор мекард...
Ҳамин дам паланги пир, ки хеле зираку ҳушёр буд, нохушиеро ҳис карда, ба зудӣ ҷигарбандашро паси харсанги калоне бурда паноҳ кард. Акнун ҳар ду ба атроф нигоҳ доштанд, ки яке аз хамгашти дара сиёҳие намудор шуд. Паланги пир зуд ин шикорчии одамсуратро, ки аз нигоҳи маккоронааш ҷонваре ҷон ба саломат намебурд, шинохт. Ӯ милтиқи думилаашро бо салобат сахттар фишурда, бовиқор қадам мезад. Паланги пир душмани деринаашро шинохту оромиашро гум кард. Гузашта аз нав пеши назараш ба ҷилва омад...
Соли наҳсе буд он сол. Қариб ҳамаи ҷонварони маконро ин шикорчӣ ва ёрони ӯ нест карданд. Аз садои тиру туфанг ҷонварон ин диёрро батамом тарк намуданд. Дар кӯҳсори атроф бузу нахчир, рӯбоҳу гург хеле кам монд...
Он сол ҳам хеле барфи баланд борид. Ва ӯ бо ёраш – паланги нар аҷаб давроне дошт. Ҳар ду якҷоя шикор мекарданд. Дар он айём кӣ ҷуръат дошт, ки садди шикори онҳо шавад.
Паланги нар ҳокими ягонаи ин дашту ҳомун гашта буд. Ӯ бо ёраш дар зери ана ҳамин кӯрпабарфи сарди зимистон ба висоли якдигар расиданд. Айёми балоғат дари тамоми мӯъҷизаҳоро барояш кушод. Вуҷудашро ҳисси шаҳвату ишқварзӣ таҳ ба таҳ месӯзонд. Сабру таҳаммулро аз даст дода буду лаҳзае аз паланги мода ҷудоӣ надошт. Бо расидани бадани ёраш ҳаловат мебурду аз ин ҳиссиёти номаълум завқ мебурд, сараш чарх мезад. Акнун паланг рӯ-рӯи барфи ғафс ғел зада бо ёраш бозӣ мекард. Бӯидану лесиданҳо, ширинии висол дар зери кӯрпаи барф ба ҷонаш осоишу роҳат мебахшид...
Он лаҳзаҳои ширину нотакрорро паланги пир ба хотир оварду вуҷудашро ҳиссиёти номаълуме фаро гирифт. Ӯ бо раҳму шафқат ба ягона ёдгори он айём – паланги навомӯхташ нигарист. Ин лаҳза ӯ тайёр буд, ки барои фарзанди ягонааш дилхоҳ рақибашро пора-пора карда ба хоку хун ҷӯлида намояд. Аммо хулқи ирсию авлодӣ аз ин роҳ ӯро бозмедошт. Охири корро интизор буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё