Аз пайи паланг

гираду ин дара чун макони палангон боқӣ монад. Паланги пир худашро тилтонда бо панҷаҳои гирояш ба сару гарданаш барф пошида, садои бадхашмонае баровард. Шикорчӣ нафаҳмид, ки паланг чӣ ғуруру далерие дорад. Охир, паланг дар ин қади дара, дашту ҳомун аз ягон ҷонзоде тарсу бим надорад. То баландтарин қуллаи кӯҳ дар ихтиёри ӯст. Ҳоло паланги пир ба фарози кӯҳсор назар афканда ғамгин мешуд.
Ба димоғаш бӯи алафҳои кӯҳӣ расид. Ҳис кард, ки ӯро қуллаҳои барфпӯш интизоранд. Аммо чӣ хел ба он макони пурасрор равад, то ҳанӯз шикорчии бераҳм зинда аст. Ҳеҷ ақли паланги пир намегирифт, ки ба шикорчӣ пӯсту нохуни вай лозим аст…
Шикорчӣ паси сангро палмосиду оби даҳонашро базӯр бо ғазаб фурӯ бурда, худ ба худ ба гап даромад.
– Акнун вақту соати мерганӣ расид, паланги далер. Чунон ба нишон гирамат, ки аз сад ҷонат як ҷонат ҳам намонад. Ҳамин ки туро пӯст кандам, нохуну пӯстатро ба шаҳр мебарам. Бигузор, дӯстонам бинанд, ки паланги ҳақиқиро парондаам.
Паланг хеле наздик омад. Ҳатто, хаёле шикорчӣ нафаскашии палангро мешунид. Ҳайвони безабон бо пояш барфро тит карда, ғуррос зад. Таҳдид дошт, гӯё ба душмани деринааш мегуфт, ки вай аз марг наметарсад. Мард бошӣ, аз чайлаат берун баро, бе яроқ биё, қувваозмоӣ мекунем. Касе дастболо гардад, ҳамин дашту канор то абад аз они вай…
Нохост овози «пақ-қ-қ!» баромаду атрофи басукутрафта, дар як дам гулдурос зад. Паланги пир дар баданаш сӯзиши сахте ҳис кард. Хост пеш давида ба шикорчӣ ҳуҷум кунаду милтиқашро гирад. Аммо пойҳояш сустӣ карданду дасту панҷаҳояш ба ӯ итоат накарданд. Аз ҷои захм хуни гарм метаровид. Паланги пир чӣ фикре карда, худашро якбора қафо партофт. Аз паси сангҳо гузашта дар нишебии барфпӯш ҷои захмашро лесидан гирифт. Ҳис кард, ки қувваташ кам шудааст. Аммо фикри палангча, наслу ғурураш ӯро ором намегузошт. Дар сар нақшаи нав кашид…
Шикорчии бераҳм хурсандона ҷои исти паланг омад.
Охир, ӯро хуб ба нишон гирифта будам, тир ҳам бехато ра-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё