Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сид-ку, андешид шикорчӣ. Лекин чаро худи паланг нест.
Ана, хунаш ҳам рехтааст-ку. Шикорчӣ атрофро аз назар гузаронида ҳайрон шуд. О, ин паланг таги замин шуд магар ё худашро ба ҷарӣ ҳаво додааст?
Не, ё тавба. Ба ҳар ҳол, зинда монданаш багумон аст. Аз дусар дар ин хунукӣ мемурад, ҳайфи пӯсту нохунҳояш…
Баъде ки шасти гармии офтоб гашта болои кӯҳпораҳо хунукӣ соя андохт, шикорчӣ ба роҳ даромад. Ӯ бепарвоёна қадам зада, нав ба сари баландӣ баромада буд, ки яке паланги пир аз пешаш баромад. Шикорчӣ аввал сахт тарсиду аз хеш фарёди талхе бадар сохт. Аммо паланги пир аз рангу рӯи паридаи ӯ чашм наканда нотарсона пеш меомад. Мехост душманашро аз наздик бубинад. Фаҳмад, ки ӯ чӣ қудрату ҷасорате дорад. Шикорчии дунёдида ба худ омада, зуд палангро чапғалат дода, дар канори решаи дарахте ҷой гирифта, палангро боз ба нишон гирифт. Паланги пир ин дафъа наъраи бадхашмонае кашида бо сару рӯи хуншор бо як чолокии ҳайратовар боло ҷаҳида ба шикорчӣ дарафтод. Ҷасади шикорчиро ба баландӣ оварда, баъд ба поён афканд ва худаш низ сарозер шуд...
Паланги навомӯхт аз баландӣ ба қаъри дара нигоҳ карда садои ба сангу теғаҳои кӯҳ бархӯрдани ҷасади шикорчию овози дардолуди модарашро охирин маротиба шунид...
Паланг аз ин манзараи даҳшатнок хаста шуда ноилоҷ роҳи манзили аҷдодиашро пеш гирифт. Паланги навомӯхт торафт боло мебаромад. Ба домани қуллаҳои барфпӯш. Мехост он ҷоеро макону манзил интихоб кунад, ки пою қадами одамизод нарасад...

ҲАСРАТИ ХИРС

Хирси пир имрӯз аз дами саҳарӣ хеле хушҳол менамуд.
Шамоли серуни таги чормағз ба тану ҷонаш ҳаловат мебахшид, ки ҳеҷ майли аз ҷой ҷунбидан надошт. Танҳо гоҳе коҳилона ду дасташро боло бардошта наъра мекашиду овози

пешина
аз 193
навбатӣ