Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бори дигар бандчаи пулҳоро як-як шумурд. Аз шараққоси пулҳо сараш чарх зад...
Ӯ аз қафасҳои холӣ чашм наканда кабкҳои боқимондаро обу нон дода нақшаи нав кашид. Саҳари барвақт, даме ки ҳамсояҳо хобанд, ба шикор мебарояд... Шарифи кабкбоз – ин марди лоғарандому сиёҳҷурда, ки аслан он қадар ҳушёру чолок набуд, худашро маҷбур мекард, ки тез ҳаракат кунад. Вакте ки аз пуштакӯҳ боло шуд, дамаш ба дарун зад, забонаш аз ҳалқаш баромада, ёрои пеш рафтан надошт.
Аз ғояти мондашавӣ базӯр нафас мегирифт. Хаёле ҳалқаш месӯхту нафас дар гулӯяш ях мекард. Ӯ як илоҷ карда каме дам гирифт, баъд болотар рафта тӯр партофта, қилаки кабкқапиашро дуруст карда, магнитофонашро баланд кард.
Шарифи кабкбоз ҳар дафъае, ки шикор барояд, аввал дар магнитофон овози хушхонии кабкеро сабт мекунад. Ана, баъд магнитофон баланд мехонду селаи кабкҳо ба камингоҳи сайёд наздик мешуданд...
Шарифи кабкбозро шикораш барор гирифт. Дами бегоҳ, вақте ки пардаи сиёҳӣ болои деҳаро пӯшонд, ӯ ба хонааш баргашт...
Боз қафасҳои холӣ пури кабк гаштанд. Акнун рӯи ҳавлӣ пури қафаси кабк буд. Ӯ қафасҳоро як-як шумурда ҷонваронро обу нон медод...
Баъд болои сурфа баромада, роҳат мекард, ба қавли худаш, хониши кабкон дар танҳоӣ майнаашро оромӣ медод. Кабкҳои нав худро ба чор тарафи қафас зада ба ёди кӯҳу камар овоз мебароварданд. Аз қафасҳо пар мерехт, нолаву фарёд ба дуриҳо мерафт. Аммо аз ҳамаи ин Шарифи кабкбозро парвое набуд. Ӯ пойбанди хаёлҳои ширини хеш худашро «офтоб» медод...
Ӯро ногоҳ фарёди касе аз беруни дарвоза ба худ овард.
Ҷонҳавлона дарвозаро кушод. Ҷавонмарди хушсарулибосе дандонҳои тилояшро намоишкорона нишон дода гарм, балки бародарвор бо ӯ вохӯрӣ кард. Шарифи кабкбоз аз ташрифи меҳмон шод гашт, таги дилаш рӯшан шуд. Онҳо зуд сари мақсад омаданд. Лекин як ҷиҳати масъала Шарифи кабкбозро гаранг кард. Ӯ дар умраш бо доллари амрикоӣ кабк савдо накарда буд. О, дар деҳаи онҳо ба ҷуз ду-се савдогар дигар касе

пешина
аз 193
навбатӣ