Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бо доллар сару кор надорад. Нигоҳи рамузгиронаи меҳмони нохонда хаёле сар то пои Шарифи кабкбозро муоина мекард.
Ӯ хеле ба Шариф зеҳн монда афзуд:
– Ака, гиред ин пулҳоро. О, шумо кабкбози машҳур шуда аз калонҳо чӣ монданӣ доред. Пагоҳ мардум аз долларҳои шумо дарак ёфта, таърифатонро ба куҷоҳое хоҳанд бурд, ҳа...
Меҳмон қариб ҳамаи кабкҳояшро харид. Ҳатто даҳ-понздаҳ қафаси гулкориашро ҳам бо худ бурд...
Шарифи кабкбоз рӯзи дигар саҳарии барвақт роҳи маркази ноҳияро пеш гирифт. Ӯ роҳравон кабки ҷангии дӯстдоштаашро, ки зери бағал дошт, навозишҳо мекард, завқ мебурд. Як даст дар бағал бо шаст ба бонки навсохти шаҳрӣ расид. Бандчаи долларҳояшро сӯи коргарзанони бонк дароз намуда, табассум кард. Аз нигоҳи занон пай бурд, ки бахташ хандидааст, охир, метавонад бо ин пулҳо ин хел ойимчаҳоро даррав ба роҳ дарорад. Эй садқаат шавам, доллар, ин доллараш аҷаб ҷаззобу зебо будааст, о, қурбаша намегӯӣ? Бо ин доллар шири мурғ ҳам пайдо мекунӣ, – аз дил гузаронд Шарифи кабкбоз. Акнун дилаш метапид, мехост ҳарчи тезтар долларҳояшро иваз карда ба деҳа баргардад.
Аммо ҳайрон буд, ки чаро занони бонк дер мекунанд. Баъди чанде он занак пайдо шуд. Ин дафъа ӯ табассум надошт, балки бо таассуф долларҳояшро ба Шарифи кабкбоз баргардонд.
– Инҳо долларҳои қалбакӣ будаанд, ҳа...
Шарифи кабкбоз дигар чизеро дар ёд надорад. Ӯ бо изову алам аз бонк баромада ба кӯчаи калон даромад. Дасту пойҳояш бемадор, афгору хор буду намедонист чӣ кор кунад.
Акнун гушнагиро ҳам фаромӯш карда буд. Калавида-калавида роҳ мегашт, ҳар замон зери лаб такрор мекард. «Хонаам сӯхт, хонаам...»
Яке даст сӯи бағалаш бурд. Сардиеро ҳис кард, мурдаи ятона кабки ҷангияшро аз бағалаш берун кард. Кабк аз ташнагӣ, гушнагӣ кайҳо мурда, хунуку сард гашта буд. Ӯ ҷисми беҷони кабкро зери дарахте монду гиря гулӯгираш кард. Ноаён ашк мерехт. Баъзе роҳгузарҳо ба ӯ бо ҳайрату баъзеҳо бо таассуфу тааҷҷуб нигоҳ мекарданд. Аммо Ша-

пешина
аз 193
навбатӣ